Please update your Flash Player to view content.
25 Шаввол (мувофиқи 9/7/2018) солрӯзи шаҳодати имом Ҷаъфари Содиқ (а) – ро ба ҳамаи муслмонон таслият мегӯем ва аз Худои Субҳон мехоҳем, ки моро пайрави содиқи имом Содиқ (а) бигардонад ва зулму ситам ва ғаму аламро аз мусулмонон бираҳонад!
Ном: Ҷаъфар
Номи падар: Муҳаммад
Номи модар: Умми Фарва
Куня: Абӯабдиллоҳ
Лақаб: Содиқ
Маҳалли таваллуд: Мадинаи Мунаввара
Замони таваллуд: 17 Рабеъулаввали соли 83 ҳ.қ.
Нақши ангуштар: Аллоҳу холиқу кулли шайъин
Муддати имомат: 34 сол (114-148)
Номи ҳамсар: Ҳамида
Фарзандон: 10 то
Син: 65 сол
Замони шаҳодат: 25 Шавволи соли 148 ҳ.қ.
Маҳалли шаҳодат: Мадинаи Мунаввара
Марқади шариф: Қабристони Бақеъ дар Мадинаи Мунаввара
Назари дигарон дар баёни мақоми волои ҳазрати имом Ҷаъфари Содиқ (а):
1. Нуъмон ибни Собит имом Абӯҳанифа пешвои мазҳаби ҳанафиҳо: Ман донишмандтар аз Ҷаъфар ибни Муҳаммад надидаам. (Тазкиратулҳуффози Заҳабӣ, ҷ.1, саҳ.166)
2. Молик ибни Анас пешвои моликиҳо: Муддате назди Ҷаъфар ибни Муҳаммад рафтуомад мекардам. Ӯро ҳамеша дар яке аз се ҳолат дидам: ё намоз мехонд, ё рӯза буд ва ё Қуръон тиловат мекард. (Таҳзибуттаҳзиби Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, ҷ.1, саҳ.88)
3. Ибни Ҳаҷари Ҳайсамӣ: Ба қадре улум аз ӯ нақл шудааст, ки забонзади мардум гашта ва овозаи он ҳама ҷо пахш шудааст ва бузургтарин пешвоён (-и фиқҳу ҳадис) мисли Яҳё ибни Саъид, Ибни Ҷурайҳ, Молик, Суфёни Саврӣ, Суфён ибни Уйайна, Абӯҳанифа, Шуъба ва Аюби Сиҷистонӣ аз ӯ ривоят нақл кардаанд. (Савоиқулмуҳриқа, саҳ.201)
4. Ибни Халлакон: Ӯ яке аз имомони дувоздаҳгона дар мазҳаби (шиаи) Имомия ва аз бузургони аҳли байти Расули Худо (с) аст, ки ба хотири ростӣ ва дурустии гуфтор вайро "Содиқ" меномиданд. Фазилат ва бузургии ӯ машҳуртар аз он аст, ки ниёз ба тавзеҳ дошта бошад. (Вафиётулаъён, ҷ.1, саҳ.327)
Ҳокимони золиму ҷинояткори давраи зиндагии имом Содиқ (а):
Халифаҳои Умавӣ:
1. Ҳишом ибни Абдулмалик (105-125)
2. Валид ибни Язид ибни Абдулмалик (125-126)
3. Язид ибни Валид ибни Абдулмалик (126)
4. Иброҳим ибни Валид ибни Абдулмалик (70 рӯз аз соли 126)
5. Марвон ибни Муҳаммад машҳур ба Марвони ҳимор (хар) (126-132)
Халифаҳои Аббосӣ:
1. Абдуллоҳ ибни Муҳаммади Саффоҳ (132-137)
2. Абӯҷаъфар Мансури Давониқӣ (137-158) қотили имом Ҷаъфари Содиқ (а)

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти