Please update your Flash Player to view content.
Ҳазрати Хадиҷа 5 бародар ва 4 хоҳар дошт.
Бародарони ҳазрати Хадиҷа (рз)
1. Авом ибни Хувайлид. Ӯ бо Сафия бинти Абдулмуталлиб -аммаи ҳазрати Муҳаммад (с)- издивоҷ кард ва се фарзанд ба номҳои Зубайр, Соиб ва Абдулкаъба дошт. (Ибни Саъд, Табақотулкубро, ҷ.8, саҳ.41)
2. Ҳизом ибни Хувайлид. Ӯ дар даврони ҷоҳилият дар ҷанги "Фуҷҷор" кушта шуд ва ду фарзанд ба номҳои Ҳаким ва Холид дошт.
3. Навфал ибни Хувайлид. Ӯ се писар ба номҳои Варақа, Сафвон ва Асвад дошт. Варақа ибни Навфал дар зиндагии ҳазрати Хадиҷа нақши муҳимме дорад. Ӯ аз донишмандон ва роҳибони худопарасти он замон дар ҷазиратуараб буд (Алисобаи Ибни Ҳаҷар, ҷ. 8, саҳ. 224) ва огоҳии зиёд аз китобҳои осмонӣ дошт ва яке аз чор обиди маъруфи даврони ҷоҳилият дар Ҳиҷоз шинохта мешуд.
Варақа бо бутпарастӣ мухолифат намуда ба бутпарастон мегуфт: Ба Худо қасам шумо дини Иброҳимро фаромӯш кардаед ва мунҳариф шудаед. Чизҳоеро мепарастед, ки ҳақ нестанд, зеро ин бутҳо намешунаванд ва намебинанд ва ба шумо фоидае намерасонанд ва зарареро дур намекунанд. Эй қавми Қурайш, шаҳр ба шаҳр биравед ва дини ҳақро пайдо кунед ва бидонед, ки ин бутҳоеро, ки мепарастед ҳақ нестанд. (Ибни Исҳоқ, Сиратуннабавия ли Ибни Ҳишом, таҳқиқи Мустафо Ассақо, ҷ. 1, саҳ. 189-191)
4. Удай ибни Хувайлид. Дар таърих номе аз ӯ бурда нашудааст.
5. Амр ибни Хувайлид. Маросими хостгорӣ ва никоҳи ҳазрати Хадиҷа дар хонаи ишон анҷом шуд.
Хоҳарони ҳазрати Хадиҷа (рз)
1. Ҳола бинти Хувайлид. Ӯ маъруфтарин хоҳари ҳазрати Хадиҷа аст ва баъд аз ҳиҷрат пеши Расули Худо (с) рафт.
2. Холида бинти Хувайлид. Аз ӯ иттилооти зиёде дар таърих наёмадааст.
3. Руқая бинти Хувайлид. Аз ӯ иттилооти зиёде дар таърих наёмадааст.
4. Ҳинд бинти Хувайлид. Баъзе гуфтаанд, ки ӯ ҳамон Ҳола аст.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти