Please update your Flash Player to view content.

Асолати хонаводагии ҳазрати Хадиҷа (рз)
Ҳазрати Хадиҷа (рз) понздаҳ сол пеш аз Омулфил (соле, ки лашкари филсавори Абраҳа ба қасди вайрон кардани Каъба ба Макка ҳамла карданду бо азоби Худо нобуд шуданд) ва шасту ҳашт сол пеш аз ҳиҷрат дар шаҳри Макка ба дунё омад.
Падараш Хувайлид ибни Асад ибни Абдулуззо ибни Қусай ибни Килоб аст. Хувайлид боҳӯш, баландмартаба, карим буд ва ахлоқи ҳамида дошт ва бузурги Бани Асад шинохта мешуд.
Асад бобои Хадиҷа яке аз аъзои барҷастаи "Ҳалфулфузул" –паймони ҳимоят аз мазлумон- буд.
Абдулуззо бобои Хадиҷа ва Абдуманоф бобои ҳазрати Муҳаммад (с) бародар буданд ва падарашон Қусай ибни Килоб аст. Бинобар ин ҳазрати Муҳаммад ва Хадиҷа аз тоифаи Қурайш ва бо ҳам хешу табор буданд. (Ибни Ҳазм, Ҷумҳурату ансобилараб, саҳ. 120; Самъонӣ, Ансоб, ҷ.1, саҳ. 141)
Модараш Фотима бинти Зоида ибни Асам буд. (Танқиҳулмақол, ҷ.3, саҳ.77) Модари Фотима - бибии Хадиҷа – Ҳола ном дошт ва духтари Абдуманоф ибни Қусай буд. Аз тарафи модар ҳам бобои дувуми ҳазрати Хадиҷа ва ҳазрати Муҳаммад (с) –Абдуманоф- яке ҳастанд. Бинобар ин ҳазрати Хадиҷа аз назари бобои падарӣ ва модарӣ бо чанд восита бо ҳазрати Муҳаммад (с) ҳамнасаб ҳастанд.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти