Please update your Flash Player to view content.
Ҳазрати эшони Тураҷон ахлоқи ҳамида дошт. Хушгуфторӣ, хушрафторӣ ва хушпиндорӣ мулозими у буд. Муҳаббати самимӣ ба мардум, раҳму шафқат ба бенавоёну бечорагон, кӯмак ба муҳтоҷон, сила кардани сари ятимон, бо ғами ҳамагон шарик будан, ба озор ва шиканҷаи бадандешон сабр ва таҳаммул ва барои ҳама дуои нек кардан пешаи у буд.
Ӯ дилозориро бадтарин хислати инсон мешуморид ва ҳеҷ гоҳ миёни раису маръус ва тавонгару бенаво фарқ намегузошт. Дар ҳузури эшон ҳама баробар буданд. Ҳамеша бо мардум таъом мехӯрд ва ба суолҳои онҳо посух медод. Аз ҷавоб додан ба суолҳои кӯдакон ҳеҷ гоҳ ибо намеварзид ва хаста намешуд. Табассум ҳамеша дар чеҳраи муборакашон ҳувайдо буд. Баланд намехандид. Бо овози паст ва маҳин сухан мегуфт. Калимоти зиштро ҳаргиз ба забон намеронд ва аз шунидани он нороҳат мешуд. Дили нарму мулоим дошт ва мудом гиря мекард….
Ҳазрат аз хурдсолӣ ташнаи илм буд ва то 18 солагӣ дар ҳузури уламо дарс омухт. Баъд китобҳои нодир дар улуми фиқҳу тафсир, ҳадису торих, адаб ва ғайраро ҷамъоварӣ намуд. Ҳар китобе, ки дастраси ӯ мешуд ба тариқи худомӯзӣ мутолиа мекард. Адади китобҳои эшон ба ҳазорҳо мерасад, ки бештар нодир ва дастхат мебошанд. Ҳазрат ба пуррагӣ ба китобҳои худ ошно буданд. Агар мехостед, ки дар бораи китобе маълумоти кофӣ пайдо кунед, ҳамин қадр кофист, ки номи китобро мегуфтед ва эшон дар чанд дақиқа ба тарзи мухтасар муҳтавои китобро ба шумо мегуфт. Агар аз он ҳазрат фатвое пурсида мешуд, ҷавоб медод ва бе ягон ишколе аз даҳҳо китоб ба як бор кушодани он фатвоҳои пурсидаро баён мекард.
Оре ин хеле шигифтовар аст, ки як инсон ин қадар қобилият ва хотираи фавқулодае дошта бошад, ки муҳтавои ҳазорҳо китобро дар синаи худ ҷой дода ва дар ҳолати зарурӣ ба дигарон тақдим кунад.
Ҳаққо ки шахсияти эшони Тураҷон мисли як китобхонаи дорои ҳазорҳо китоби ҳамеша дар ҳаракат буд. Ин атои раббонист, ки ба баъзе аз бандагони худ медиҳад. Ва он дар натиҷаи риёзат, шабзиндадорӣ, ибодат, авроди субҳу шом, рӯзаи бардавом, воридоти ғайбӣ ва дуои пир ба даст меояд. Ӯ ин мароҳилро тай карда ба ин мақом расида буданд.
Эшони Тураҷон воизи ширинсухане буд, ки аз худ осори гаронбаҳое мерос гузошт. Аксари муҳаққиқон бар онанд, ки мавъиза кардани болои минбар дар айёми ҷумъа ибтикори ӯ буд, зеро замоне, ки эшон хатиб буд, касе аз болои минбар ҷуръати сухани ҳақ гуфтан надошт.
Эшон аз худ фатвоҳои зиёде ба шакли дастхат ба ёдгор гузошт.
Соли 1994 то соли 1998 дар Ҷумҳурии Қазоқистон ва сипас дар Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳоҷир буда соли 1998 ба ватан баргашт.
5 Августи соли 2005 баъд аз бемории шадид дунёи фониро падруд гуфта ба рафиқи аъло пайваст. Оромгоҳаш дар деҳаи Ваҳдатобод воқеъ аст. Худованд ҷояшро ҷаннат рӯҳашонро хушнуд созад. Омин!

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти