Please update your Flash Player to view content.

Дар соли 1954 эшони Халифа Абдулкарим бемор шуд. Агарчи шасту шаш сола буд, аммо аз заъфу нотавонӣ пири садсоларо мемонд.
Ӯ чашмони аз шиддати ҳарорат пушидаашро во карда ҳамаро аз назар гузаронид.
Нигоҳаш ба Муҳаммадрафиъи ҷавон афтод. Ӯро ба сари болин хост. Дасти ӯ ба кафи худ ниҳода бо овози гирифта ва нафаси кутоҳ ба сухан даромад: "Писарам ҳар оғозеро анҷом ва ҳар бидоятеро ниҳоят аст. Ҳар субҳеро шом ва ҳар тулӯъеро ғурубест. Нахли умр агарчи ба фалак сар кашад ногузир бурида гардад. Ва туро аз ин ҳеҷ ғам набошад, ки суннати илоҳист. Дар фикри уқбо бош, ки боқист. Ба ёди дунё мабош, ки фонист. Ба ёди Худо бош, ки ҳамеша бо туст. Ба хотири ёр аз ағёр бибур. Ба ағёр пайвастан айни хатост. Ба ёр пайвастан мояи вафост. Вафо бо ёр муҷиби фаност. Ва фано дар ин роҳ айни бақост. Камари ҳиммат бибанд ва соликонро ба роҳи рост роҳнамоӣ кун! Дунё бо тамоми ҳастӣ ба сӯи ту ояд, аммо ту онро паси по занӣ. Мол ва сарвати дунё беандоза ба кафи ту дарояд, аммо ба синаат роҳ наёбад. Онро ба зудӣ ба муҳтоҷон ва бечорагон сарф кунӣ. Ин шоа Аллоҳ".
Ҳамин тавр падар ҷон ба ҷонофарин таслим кард ва писар маҷнунвор аз ҳуш рафт.
Муҳаммадрафиъи бисту ду сола, ки ҷонишинии падарро ба ӯҳда дошт чанд рӯзе дар иҳотаи муридон қарор гирифт. Муридон аз муҳаббати зиёд ӯро Тураҷон номиданд ва бо ин лақаб машҳур гашт.
Эшони Тураҷон баъди марги падар чилла нишаст ва азм кард, ки ҳеҷ гоҳ аз хона берун наояд.
Ҳамин тариқ чанд сол аз хона берун наёмад. Муридон хеле зиёд ба зиёрати ӯ меомаданд ва дар гирди ӯ ҳалқа мезаданд. Он ҳолат ба сиёсати замона мувофиқ набуд. Эшон мавриди таъқиб ва пурсуҷӯ қарор гирифт. Ӯро маҷбур месохтанд, ки ин роҳро тарк кунад, аммо бо вуҷуди азоб ва шиканҷаи зиёд аз тарафи ҳокимони вақт дар роҳи падар уствор буд.
Боре ҳазрати домулло Барот машварат дод, ки беҳтар мешавад, ки эшон дар масҷиди маҳаллаи Роҳатӣ мақоми хатибиро қабул кунад то аз таъқиби ҳокимон барканор монад. Эшон ба машварати устод амал кард. Зиёда аз сию чор сол аз тариқи минбари масҷид ва маросиму маҳофил ба мардум ҳақро расонд.
Идома дорад.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти