Please update your Flash Player to view content.
Эшони Муҳаммадрафиъ машҳур ба эшони Тураҷон дар баҳори соли 1934 дар хонадони орифи раббонӣ ҳазрати эшони Халифа Абдулкарим дар деҳаи Пичеф (Ромит) ба дунё омад.
Халифа Абдулкарим писари Мулло Гулмуҳаммад аз зуррияи хоҷа Заррин аст, ки ба дудмони хоҷагони Даҳбеди Самарқанд мерасад.
Эшони Тураҷон дар хурдсолӣ бо ахлоқи ҳамида ва ақлу заковати худ мардеро мемонд, ки тамоми пастию баландӣ, талхию ширинии ҳаётро чашида бошад. Падараш яъқубвор ҳаргиз тоқати ҷудоии ӯро надошт.
Ба ӯ таълими Қуръон ва улуми шаръӣ, зикрҳои субҳу шом, роҳи ва вазоифи соликону мақомоти авлиёро ба ӯ таълим медод. Ҳамчунин Қуръони Карим, ҳадисҳои зиёде аз Паёмбари Ислом(с), бисёре аз назарияҳои фиқҳӣ ва китоби «Маъданулҳол»-и мавлавӣ Ҷунуниро ба азёд ва ҳифз карда буд. Шояд ягона шахсе буд, ки чунин китоби пурҳаҷму пурмуҳтаворо аз аввал то охир ҳифз буданд.
Эшони Халифа қобилият ва истеъдоди писарро дида, ӯро ба назди домулло Абдулҷалил фиристод. Ӯ илми фиқҳро аз ин домулло ва илми таҷвиду меросро аз домулло Абдуссамад фаро гирифт. Эшони ҷавон дарк карда буд, ки роҳи тариқат саҳлу осон нест. Дар он роҳ бе илм қадам ниҳодан худро ҳалок кардан ва дигаронро ба чоҳ андохтан аст. Шарти расидан ба асрори ботин дар тариқат, омухтани улуми зоҳир дар шариат аст.
Солико, бе илми зоҳир по манеҳ андар тариқ,
Дар шариат бетаҳорат кай раво бошад намоз!
Соли 1950 мардуми куҳистони Ромитро маҷбурӣ барои обод кардани даштҳои вилояти Курғонтеппа ба минтақаи Хоҷамастон бурданд. Эшони Халифа бо муридон ва ҳамдеҳагони худ дар гармои тоқатфарсои онҷо 2 солро гузарониданд. Баъзе муридони мухлис ин вазъро дарк карда ҷони худро гарав гузошта эшонро пинҳонӣ ба деҳаи Туркободи (Ваҳдатобод) ноҳияи Кофарниҳон (Ваҳдат) оварданд ва дар хонаи муриди туркзабонаш - Аҳмад Ҳоҷӣ Иброҳим - ҷой доданд.
Муҳаммадрафиъ, ки дар он айём 18 сол дошт ташнаи илм буд. Ба фазли Худо дар он замон дар наздикии деҳаи Туркобод олими бузурге бо номи домулло Барот мезист.
Муҳаммадрафиъ илми сарфу наҳв ва тафсиру ҳадисро пинҳонӣ назди домулло Барот омухт ва дар муддати кӯтоҳ дар ин улум моҳир гашт. Дигар ӯ аз назари фаҳми улуми шариат, сайру сулук ва мақомоти тариқат марди комил ва расидае буд.
Идома дорад.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти