Please update your Flash Player to view content.

Вафот
Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар шаҳри Кӯлоби Тоҷикистон беш аз ҳафт сол зиндагӣ кардааст.
Пас аз муддатҳо фаъолияти илмӣ ва фарҳангӣ дар Кашмир чун султон Қутбиддинро дар иҷрои ислоҳоти асосӣ ва таҳаввулоти фарҳангӣ нотавон дид, дар моҳи Зиқаъдаи соли 786 ҳ.қ гӯё ба қасди сафари ҳаҷ аз Кашмир берун омад. Дар иллати мусофирати эшон навиштаанд: 1) ба хотири носозгории обӯ ҳавои Кашмир ва касолати мизоҷ мехост ба Хатлон бирасад , 2) азми сафари Ҳиҷоз ё ҳаҷ дошт, вале чанд рӯзе аз ҳаракаташ нагузашта буд, ки ҳокими Похалӣ аз ӯ даъват кард, то чанде дар сарзаминаш бимонад ва мардумро мавъиза кунад. Сайид қабул кард ва ҳудуди даҳ рӯз онҷо суханронӣ намуд ва пас аз он сафарашро давом дод. Дар ин сафар бемор шуд ва пас аз панҷ рӯз, дар шаби чоршанбе, шашуми Зилҳиҷҷаи соли 786 ҳ.қ дар синни ҳафтодудусолагӣ ба сарои ҷовид шитофт . Дар шаби вафот то бомдод мегуфт: Ё Аллоҳ! Ё Ҳабиб! Ва «Бисмиллоҳирраҳмонирраҳим» бар забонаш ҷорӣ буд . Ҳамон калимоти мубораки қуръонӣ аз рӯи ҳуруфи абҷад соли вафоти ҳазрат (786 ҳ.қ.) аст Ин матлабро нависандагони баъдӣ бо насру назм баён каранд.
Ҳазрати Шоҳи Ҳамадони карим
Ояти раҳмат зи каломи қадим
Гуфт дами охиру таърих шуд
Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим .
Бо дар назар гирифтани мусофиратҳои тӯлонӣ аз Кашмир то Каъба наметавон пазируфт, ки касе ба сурати оддӣ ва пиёда дар бист рӯз ин мусофиратро тай карда бошад (даҳ-дувоздаҳ рӯзи Зилқаъда ва даҳаи аввали Зилҳиҷҷа), балки ба назар мерасад Алии Ҳамадонӣ даҳ рӯз дар Похалӣ иқомат карда аввали Зилҳиҷҷа аз он ҷо мусофирати худро идома додааст. Пас мақсуд сафари Ҳиҷоз будааст, на сафари ҳаҷ. Албатта агар қасди сафари ҳаҷҷи умра дошта бошад, ишкол надорад. Ривояти Ҷаъфари Бадахшӣ дар мавриди мусофирати ниҳоии Алии Ҳамадонӣ нақл мегардад: « ...... дар моҳи Зилқаъдаи соли 786 ҳ.қ. ҳазрати Амир аз вилояти саррӣ; яъне Кашмир ба нияти сафари Ҳиҷоз берун омадааст, чун ба вилояти Малик Хизршоҳ расид, аз ӯ илтимос кард, ки ҳазрати Амир мебояд чанде иқомати шариф фармоянд, то аз манбаи фавоиди ҷаноби Сайид фоида гиранд..» .
Нависандагон ҷои даргузашти Сайид Алиро дар Ҳамадон , Кибри савод, Кобул ва худи Похалӣ ва Хатлон зикр кардаанд, вале аз байни инҳо Похалӣ ба воқеият наздик аст. Чун вақте Зуҳриддин мехоҳад ҷои даргузашти ӯро зиёрат кунад, мегӯяд: Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ раҳимаҳуллоҳ, ки дар зимни мусофират ба ин ҷо омад ва дар ин ҷо ҷон супурд ва шогирдонаш ҷасади ӯро ба Хатлон бурданд. Аз ин иборат возеҳ аст, ки ҷои даргузашти эшон ҳамоно дар наздикии Кибри савод буда, ки ҷузве аз Похалӣ аст. Ӯ дар 72 солагӣ даъвати Ҳақро лаббайк гуфт ва бино ба васияташ муридон ва иродатмандон пайкарашро дар мадрасае, ки худ дар шаҳри Кӯлоби Хатлон бино карда буд, ба хок супориданд.
Албатта зиёратгоҳҳои мухталифе мансуб ба эшон дар шаҳрҳои мухталиф вуҷуд дорад. Бар сари ин ки ӯро дар куҷо ба хок бисупоранд, миёни аҳолии манотиқи Кашмир, Похалӣ ва Хатлон ҷанҷол шуд, чун ҳар як мехостанд мадфани ӯ дар диёрашон бошад. Бино бар васияти худаш ӯро дар Хатлон ба хок супориданд. Чун Ҳайдари Бадахшӣ менависад, ки вақте Алии Ҳамадонӣ дар Хатлон ҳазрати Расул (с)−ро дар олами воқеъ зиёрат карда буд ва ин башоратро аз забони ҳазрат шунида буд, ки мазори ӯ ҳамон ҷо хоҳад буд. Баъд аз ин воқеа эшон ду ракъат намоз ба унвони нақл гузордааст. Ӯ ин воқеаро ба муридони хатлонии худ баён кард ва дар посух ба пурсиши эшон, ки вафоташ кай иттифоқ меафтад, фармуд: Се солу як рӯзу як шаб баъд аз ин. Муридони ӯ баъд аз шунидани ин хабар гиристанд. Мегӯяд: Чун тобути Сайидро ба Мовароуннаҳр меоварданд, абрҳои сафед бар ҷанозаи ӯ сояафкан буд ва мурғони зиёд ба ин сӯ ва он сӯ ба парвоз даромада буданд .
Мақбараи вай имрӯз дар шаҳри Кӯлоб ҳудуди 200 километр ба пойтахти Тоҷикистон –шаҳри Душанбе- мебошад. Бинои мақбара дар маҷмӯаи фарҳангӣ дар боғест, ки теъдоде аз фарзандон ва наводагонаш низ дар онҷо дафн шудаанд. Ин маҷмӯъа шомили китобхонае бо китобҳои хаттии қадимӣ аз осори Мир Сайид Алӣ аст . Ин марқади муборак зиёратгоҳи мардуми Тоҷикистон аст ва дар ҳоли ҳозир аз шаҳрҳои мухталифи Тоҷикистон ба зиёраташ меоянд. Дар шаҳри Сарингари Кашмир низ хонақоҳи Муалло, ки маҳали иқомати вай буда, зиёратгоҳи мусулмонон ва пайравони тариқатҳои ирфонӣ аст...
Чу шуд аз гоҳи Аҳмад хотами дин
Зи ҳиҷрат ҳафтсаду ситта самонин
Бирафт аз олами фонӣ ба боқӣ
Амири ҳар ду олам, Оли Ёсин .
Таҳоиқулаброр, Абӯмуҳаммад, саҳ.14.
Рисоли зикрия, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, саҳ. 7; Гулзори Кашмир, саҳ. 70. Раҳли ӯро 16 Зилҳиҷҷаи соли 784 ҳ.қ. низ забт кардаанд. Торихи назм ва насри форсӣ дар Эрон ва дар забони форсӣ, ҷ.1, саҳ. 4.
Мастурот (хаттӣ), саҳ. 79.
Ин қитъа дохили масҷиди Шоҳи Ҳамадон канда шудааст, Нақши порсӣ бар аҳҷори Ҳинд, саҳ. 68.
Баъзе номи шоҳи Похалиро Муҳаммадшоҳ навиштаанд, вале ӯ шоҳи Бадахшон ва Бухоро будааст.
Аҳвол ва осори Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, саҳ. 69.
Нашри маорифи исломӣ, саҳ. 76, шумораи 5.
Нақл аз яғмо, таълифи Нӯҳ бо муқаддимаҳои Саъид Нафисӣ ва Ҳабиб Яғмоӣ, саҳ. 338
Фаслномаи адабӣ, Ройзании фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон.
Кашмир: адаб ва сақофат, саҳ. 116.
Торихи Ҳасан, Пирғулом Ҳасан Каҳвӣ Ҳомӣ, ҷ.2, саҳ. 178.
Мансуб ба Мавлоно Муҳаммад Сароӣ, ҳаккокишуда дар масҷиди Шоҳи Ҳамадон− Кашмир.
Таҳияи С. Сайид

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти