Please update your Flash Player to view content.

Таълим ва тарбият
 Волидайни эшон барои таълиму тарбияти ӯ шароити олӣ фароҳам карданд ва ӯ бино бар истеъдоди фавқулода аз ин имконот баҳраи шоёне бурдааст. Вақти худро бештар дар навиштану хондани китоб ва касби илму дониш мегузаронд ва ба лаҳву лаиб ва бозиҳои одии бачагона таваҷҷӯҳ намекард. Аввал Қуръон ва баъд илмҳои роиҷро фаро гирифт. Рағбати ӯ дар хӯрдсолӣ ба Қуръони Маҷид ва роҳи сулуку худошиносӣ в худсозӣ боис шуд, ки падараш ӯро ба Алоуддавла супорад. Дар воқеъ Сайид Алӣ таҳсилоти ибтидоиро аз Сайид Алоуддавлаи Симнонӣ (659 – 736) тағоии худ гом ба гом фаро гирифт.
Амири кабир баъди аз бар кардани Қуръон улуми дигар чун адабиёти форсӣ ва арабӣ, ҳикмати амалӣ, ахлоқ, сиёсати шаҳрҳо ва ирфон, калом, фиқҳ, ҳадису тафсирро аз устодон фаро гирифт. Ҳамзамон бо таҳсил ба тазкияи нафс ва тасфияи ботин ва ибодату зикр пардохт, ки ҳам бути дарунро бишканад ва ҳам кӯмаке ба бандагони Худо кунад.
Шайхи Симнонӣ шогирдашро барои касби маҳорати томмаи улуми динӣ ва тариқату сулук назди муридаш шайх Абулбаракот Тақиюддин Алии Дӯстӣ (Дӯсӣ) Симнонӣ[1] супорид. Пас аз он, Сайид Алӣ  дар хидмати шайх Маҳмуди Маздақонӣ ҳозир шуд ва барои таҳзиби нафс шурӯъ ба риёзат кард[2]. Ӯ баъд аз шаш сол бори дигар дар маҳзари Алии Дӯсӣ ҳузур ёфт. Чун дувоздаҳсола шуд дар аҳволу ҳаракоти ҷолиби устоди худ менигарист ва медид, ки устодаш ба хилват меравад ва он ҷо чизе хонда сарашро меҷунбонад. Рӯзе Сайид Алӣ пурсид, ки ин чӣ кор аст, ки анҷом медиҳед? Устодаш ҷавоб дод: Зикр мегӯям. Дубора пурсид: Оё зикр гуфтан бо сар ҷунбондан робита дорад? Устод гуфт: «Бале! Маро шайх Маҳмуди Маздақонӣ чунин таълим додааст».
Сайид Алӣ баъд аз тааммули кӯтоҳ аз устодаш хоҳиш кард, ки ба ӯ ҳам зикр биёмӯзад ва устодаш ҳам қабул кард. Сайид то се рӯз мураттаб бо шайхи худ машғули зикр гуфтан шуд. Ӯ то як сол дар он ҷо зикр гуфт, вале «ҳузур» наёфт. Эшон дубора талош кард ва вориди зикру хилват шуд ва бо ҳиммати баланд ва роҳнамоии устодаш кам-кам лаззати «ҳузур»-ро ҳис кард ва саранҷом ғайбате ба даст овард. Дар ин ғайбат дид, ки ҳазрати Расулуллоҳ (с) бар сари боми баланд аст. Сайид Алӣ талош кард, то он ҷо биравад ва дар қурби Паёмбар қарор гирад, вале натавонист. Паёмбари Акрам (с) фармуд: «Назди шайх Маҳмуди Маздақонӣ бирав, то туро ба ин мақом биёрад». Баъд аз ин ҳодиса аз устодаш хост, то ӯро ба назди шайх Маздақонӣ барад ва ӯ ҳам Сайидро бурду ошно кард. Ӯ аз шайх Маздақонӣ сайру сулук, муҷоҳидат ва баъзе илмҳои ирфонии дигарро ёд гирифт. Эшон аз дувоздаҳсолагӣ то охири ҳаёт обид ва зокир буд[3].
 Сайид Алӣ илми ҳадиси Расул (с)−ро аз шайх Наҷмиддин омӯхт[4]  ва чун дафъаи дувум ба хидмати шайх Маздақонӣ расид, ҳукми саёҳат ёфт ва барои таҳаққуқи фармони муршид[5], камари ҳиммат баст ва ба сайри офоқ пардохт, ки бисту як сол (733-753 ҳ.қ.) тул кашид, вале дар ҳеҷ ҷо сокин нашуд. Дар ин сафари тӯлонӣ аз ҳазору чаҳорсад валӣ истифодаи маънавӣ ва рӯҳонӣ намуд. Албатта ҳадафи Сайид Алӣ аз сафар ваъз, таблиғ ва роҳнамоии халқи Худо буда ин мусофиратҳоро ба сурати дақиқ анҷом додааст. Худаш гуфтааст: «Се бор аз машриқ ба мағриб сафар кардем: дафъаи аввал шаҳр ба шаҳр, дувум қаря ба қаря ва сеюм хона ба хона буд»[6].
 Сайид Алӣ соли 753 ҳ.қ дар синни чиҳилуяксолагӣ ба Ҳамадон баргашт ва ҳамон сол издивоҷ кард[7]. Як сол пас аз вурудаш ба шаҳри Кӯлоб аввалин фарзандаш Сайид Муҳаммадзода ба дунё омад ва сипас соҳиби духтаре бо номи «Моҳи Хуросон» шуд.
 Дар соли 773 ҳ.қ. дубора ватанро тарк гуфт ва мусофирати диёр ва кишвари бегонаро баргузид ва дар Хатлон бо Амир Темур рӯ ба рӯ шуд, ки дар баъзе умур бо ӯ ихтилоф пайдо кард[8]. Ба назари иддае аз торихнигорон ҳамон ихтилоф ва ҳарос боис шуд, ки Сайид Алӣ бо ҳафтсад олим ва муриди хеш соли 774 ҳ.қ. ба Кашмир биёяд ва дар маҳалли «Минуназир» дар шаҳри Сарингари кунунӣ иқомат гузинад. Ӯ дар ин минтақа мадрасаи бузурги «Қуръон», китобхона ва хонақоҳ сохт. Донишҷӯёни Кашмир ҳам барои дарс хондан ба ин мадраса меомаданд[9]. Яке аз шахсиятҳои маъруфи илмӣ ва динии Кашмир Абулмашоих шайх Усмон аст, ки ӯро "имомулқуро" лақаб додаанд. Шайх Усмон хатмкардаи ҳамин мадраса аст[10]. Сайид Алӣ ҳазорон нафарро ба Ислом ҳидоят ва мусулмон кард. Муридони худро дар атрофи Кашмир барои таблиғи Ислом ва касби маош пароканд ва худ пас аз шаш моҳ ба Макка рафт. Соли 781 ҳ.қ. ба Кашмир бозгашт  ва дувуним сол баъд, аз роҳи Ладох вориди Туркистон шуд ва панҷ сол баъд барои бори севум ба Кашмир баргашт. Ӯ соли 786 ҳ.қ. боз барои ҳаҷ сафар кард. Вай дувоздаҳ маротиба ҳаҷҷи хонаи Худоро анҷом додааст.
 
[1]  Шарҳи аҳволу афкор ва осори Шайх Алоуддавлаи Симнонӣ, Сайид Мунзир Садр, саҳ. 58.
[2]  Маҷмаулбулдон, ҷ.2, саҳ. 121.
[3]  Мастурот ва манқабатулҷавоҳир, саҳ. 84.
[4] Заҳабия тасаввуфи илмӣ ва осори адабӣ, Асадуллоҳи Ховарӣ, саҳ. 246; Риёзулсаёҳат, Шервонӣ, саҳ. 713.
[5]  امتثالاً لامر المرشد
[6]  Аҳвол ва осори Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, саҳ. 27−28.
[7]  Ҳамон, саҳ. 30.
[8]  Ҳамон, саҳ. 38−39.
[9]  Воқеоти Кашмир, Хоҷа Муҳаммад Аъзам, саҳ. 38−42.
[10]  Кашмир: адаб ва сақофат, Салимхон Гумӣ, ҷ.2, саҳ. 345.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти