Please update your Flash Player to view content.

3. Унвон ва ҷойгоҳ
Сайид Алӣ ибни Сайид Шаҳобуддини Ҳамадонӣ мулаққаб ба «Амири кабир» ва маъруф ба «Шоҳи Ҳамадон» мебошад . Эшон дар Кашмир ба лақаби «Ҳаввории Кашмир » ва дар Балтистон ба «Амири кабир» ва «Шоҳи Ҳамадон» машҳур аст . Дар Тоҷикистон ӯро ҳазрати «Амир», «Амирҷон» ё «Бузургвор» меноманд, ки гӯёи эҳтирому ҷойгоҳи динӣ ва маънавии баланди ӯст.
Лақаби дувум бино бар мақоми барҷастаи маънавии эшон «Алии Сонӣ» мебошад . Дар рисолаи "Мастурот" нақл аст, ки шайх Сайид (Абӯсаид) Ҳабашӣ дар рӯъёи содиқа ҳазрати Пайғамбар(с)-ро зиёрат ва эҳтиром кардааст. Дар он рӯъё Расули Худо(с) ба шайх башорат дода, ки ба зудӣ Мир Сайид Алии Ҳамадониро дидор мекунад: «Яке аз фарзандони ман бувад, ки агар ман набудам, Алӣ ибни Абӯтолиб ба ҷои ман буд ва агар Алӣ ибни Абӯтолиб набуд, ӯ бувад. Гуфтам: Ё Расулаллоҳ, ӯ кист ва кай хоҳад буд? Фармуд: Баъд аз ҳиҷрати ман ҳафтсаду сездаҳ сол дар замини Эрон дар шаҳри Ҳамадон он ситора тулӯъ хоҳад намуд. Гуфтам: Ё Расулаллоҳ, эй рӯшании чашмонам, эй Набияллоҳ, номаш чист? Фармуд: Ӯ «Алии Ҳамадонӣ» аст. Баъд ҳазрат дуо кард ва Аллоҳи Таборака ва Таоло пазируфт» .
Ба ӯ аз он рӯз, ки муридон аз забонаш кайфияти рӯъёи шайх Ҳабаширо шуниданд, лақаби Алии Сонӣ доданд. Шайх Яъқуби Сарфии Кашмирӣ (928-1003 ҳ.) дар маснавии «Маслакулахёр» дар манқабати Алии Ҳамадонӣ гуфтааст:
Ҳамчу Алӣ дониши раббонияш
З-он лақаб омад Алии сонияш
Чун ба Алӣ нисбаташ омад тамом
Ҳам ба ҳасаб, ҳам ба насаб, ҳам ба ном
Аз раҳи таъзим набошад аҷаб
Гар Алии Сонияш омад лақаб
Зоҳир аз ӯ сирри Алии валӣ
Бал ҳува сиррун ло биҳил Алӣ
Ҳаст бар ин нукта, далели қабул
“Алваладу сирр” ба қавли Расул .
Хонавода ва насаб
Хонаводаи Сайид аз дербоз бисёр мӯҳтараму азиз буданд. Эшонзодаҳои алавии Ҳамадон аз замони Салҷуқиён муқтадир ва соҳибасару бонуфуз ва кормандони ҳукумати Ҳамадон бештар аз афроди ин хонавода будаанд. Дар қарни шашум ва ҳафтум Мир Сайид Шаҳобиддин чеҳраи саршинос, муқтадир, хушном ва мавриди эҳтироми умуми Ҳамадон хусусан ашроф ва давлатмардону соҳибмансабон будааст. Мир Сайид Алӣ аз баргӯзидагони алавиёни ҳамадонӣ буда, бо шонздаҳ фосила ба имом Зайналобидин (а) мерасад . Падараш аз бузургони шаҳр ва бар асоси бархе ривоёт, ҳокими Ҳамадон буда ва албатта мутобиқи манбаъҳои дигаре ӯ ҳокими мутлақи Ҳамадон набуда, балки шояд ҷонишин ё ҳоким ё соҳибмартаба будааст .
Насаби ин бузургворро чунин баршумурдаанд: Алӣ ибни Шаҳобиддин ибни Муҳаммад ибни Алӣ ибни Юсуф ибни Муҳиб ибни Мушарраф ибни Муҳаммад ибни Ҷаъфар ибни Убайдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Алӣ Ҳасан ибни Ҷаъфар ибни Убайдуллоҳ Ҳусейн ибни имом Зайналобидин (а) . Бино бар ин насабнома Мир Сайид Алӣ аз эшонҳои асили алавиёни Ҳусейнӣ аст.
Сайид Шаҳобиддин агарчи ҳоким ва марди дунёдоре буд, вале фақирон, дарвешон, олимон ва фозилонро дӯст медошт ва ба онҳо эҳтиром мегузошт. Шояд ба ҳамин хотир ё аз рӯи эҳтиром ӯро “Амир” мегуфтанд, ки мухаффафи он “Мир” аст ва бино бар мақоми мумтозаш баъдҳо “Амири кабир” номида шудааст..
Ӯ аз насли Расули Худо(с) аст ва бар ин амр ифтихор меварзид ва медонем, ки нисбати хирқааш ба ҳазрати Паёмбар пайваст аст. Баъзе аз нависандагон ӯро “нисбати сетарафа” (صاحب انساب ثلاثه) номидаанд. Аз номаи ҳазрати Шайх Алоуддавлаи Симнонӣ (736 ҳ), ки ба муриди худаш мавлоно Тоҷиддини Каркаҳрии Ҳамадонӣ навишт, ин масаъла равшан мегардад. Шайх Симнонӣ мефармояд: “Дӯстии мардум Аҳли байтро, баъзе тақлидӣ бошад, баъзе нисбати сулбӣ, баъзе нисбати қалбӣ, баъзе нисбати ҳаққӣ ва ин бечораро мин ҳайсилтаҳқиқ нисбати сулбия ва қалбия ва ҳаққия ва алҳамду лиллоҳи ало золик ва аз ҳама хуштар он аст, ки ин маъно аз чашми халқ махфӣ аст, ва гумони мардум бар ман бархилофи ин аст” .
Дар замонҳои қадим сарватмандон ғулом доштанд. Падари Сайид Алӣ бино бар мақомаш чандин ғулом дошт ва ононро гоҳе ба амирони худ мебахшид, чунончи рӯзе Сайид Алӣ дар ҳангоми сафар бо чанд саворе рӯ ба рӯ шуд ва яке аз онҳо фуруд омад ва сар бар қадами он ҳазрат ниҳода бисёр гирист. Сайид Алӣ пурсид: Ин кист ва чаро назди ман гиря мекунад? Ёронаш гуфтанд: Фалон ғуломест, ки амир Шаҳобиддин ба фалон амир бахшидааст...
Падари бузургвораш мехост ба ӯ умури давлатӣ, девонӣ ва шикору тирандозиро омӯзиш диҳад, вале Сайид аз кӯдакӣ аз умури давлатӣ ва русумоти он канорагирӣ менамуд, чун дар Хулосатулманоқиб менависад: “Дар умури волид илтифот намекардам, чун ҳокими Ҳамадон ва огоҳ ба салотину аъвон буд” .
Номи модараш Фотима (Сайида) будааст ва бино бар қавли худаш, ӯ бо ҳабдаҳ восита ба ҷаноби ҳазрати Расулуллоҳ (с) мерасад . Ҳокими Ҳамадон Хол ва Сайид Алоуддавлаи Симнонӣ қабл аз вуруд ба водии ирфон ва тарки тааллуқоти моддӣ, ҳокими ноҳияи Симнон буд. Қабл аз ӯ чанд тан аз алавиён ба лақаби “Алоуддавла” машҳуранд, мисли Арабшоҳи Фахриддин ва Алоуддавла Тоҷиддин (520ҳ.). Ҳаминтавр дар таърихи Улҷойту чанд сайиди алавӣ ҷузви аъён ва аркони давлати мисли Сайид Алоуддин Муҳаммад ва Сайид Имодиддин, Имодулмалик ва Сайид Ҳамза мазкур ҳастанд .
Муттаассифона дар бораи хонавода ва волидайни Сайид Алии Ҳамадонӣ иттилооти бештаре дар даст нест. Худаш мегӯяд, ки «модараш Фотима ва тағоиаш Сайид Алоуддавла талоши бисёре кардаанд ва ба поймардии онҳо ӯ ба ин мартабат расидааст. Сайид Алӣ се бародар ва ду хоҳар ҳам дошт” .
1 Маҷаллаи омӯзиш ва парвариш, шумораи 2, соли 1318, саҳ. 30-38.
2 Торихи Улҷойту (хаттӣ), шумораи 242, саҳ. 194.
3 Ҳамон, саҳ.11-12.
Таҳияи С. Сайид
Идома дорад ...

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти