Please update your Flash Player to view content.
Муқаддима
Шинохти бузургони илму адабӣ, ки аз сармояҳои шахсиятӣ ва ҳувиятии фарҳанги ҳар миллат ҳастанд муҳим ва барои наслҳои оянда сарнавиштсоз аст. Тоҷикон баъд аз тулӯъи хуршеди оламтоби Ислом ин дини осмонӣ ва ҷовидониро пазируфта ва ҳувияти худро бар асоси он бино кардаанд. Рамзи ҷовидонагии бузургони илму адаб ва фарҳанги тоҷикон ҳам алоқа ва робита бо ин манбаи ҳақиқат аст. Яке аз ин шахсиятҳои олим, ориф, адиб ва таъсиргузори тоҷикон Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аст. Эшон яке аз нобиғаҳо ва шахсиятҳои тирози аввали илму адаби Ислом дар минтақаҳои Эрон, Покистон, Ҳинд ва Тоҷикистон буда таъсирот ва осори арзанда боқӣ монда ва аз бузургони силсилаи Кубравия будааст. Инак бо хулосаи зиндагиномаи ин бузургмард ошно мешавем.
1. Таваллуд
Ӯ дар рӯзи душанбе дувоздаҳуми Раҷаби соли 714 ҳ.қ. (22/10/1314 м.) дар шаҳри Ҳамадон дар хонаводаи мазҳабӣ дида ба ҷаҳон кушод . Шеъре ба муносибати вилодаташ суруда шудааст, ки ҷумлаи «رحم الله» “Худо раҳматаш кунад” дорад ва ба ҳисоби "абҷад" 714 мебошад . Шеър оварда шавад!
Зодгоҳаш Ҳамадон аст ва Сайид ҳам дар баъзе аз расоилаш мисли “Воридот” ва “Ҳамадония” худро Ҳамадонӣ гуфтааст. Ӯ Ҳамадонро ба чанд маъно шарҳ кардааст, ки баёнгари алоқа ба зодгоҳаш мебошад. Дар ду байти маъруфи худ мефармояд:
Пурсид азизе, ки Алӣ, аҳли куҷоӣ?
Гуфтам: Ба вилои Алӣ к-аз Ҳамадонам
Не з-он Ҳамадонам, ки надонанд Алиро
Ман з-он Ҳамадонам, ки Алиро ҳама донанд .
2. Аёми кӯдакӣ
Сайид айёми тифлӣ ва кӯдакиро дар хонаи пурҷӯшу хурӯши ҳокими Ҳамадон сипарӣ кард. Ишқ ба Худои Мутаол ва Аҳли байти ҳазрати Паёмбар(с)-ро аз шири модари олиму фозилаш ба номи Сайида Фотима нӯшид ва дар дувоздаҳсолагӣ Қуръонро аз бар карда сипас улуми роиҷи замонро фаро гирифт.
Соҳиби “Рисолаи мастурот” дар бузургдошти шаби таваллуди Сайид Алии воқеаеро ба шайх Низомиддин Яҳё Ғӯравии Хуросонӣ (652 ҳ.) нисбат додааст, ки шайх дар он шаб дид, ки ҳазрати Хизр ва Илёс (а) ҷомаҳои зебое дар даст доранд ва ба манзили Сайид Шаҳобиддини Ҳамадонӣ (падари Сайид Алӣ) мераванд ва мегӯянд: «Имшаб дар он манзил писаре таваллуд мешавад, ки бисёр олимақом хоҳад шуд ва ин ҷомаро ба унвони табаррук он ҷо мебарем».
Понавиштҳо
Маҷолисулмӯъминин, Шӯштарӣ, ҷ.2, саҳ.138; Таърихи назму насри форсӣ дар Эрон, ҷ.2, саҳ.195. Соҳиби Хулосатулманоқиб вилодаташро 12 Раҷаб навишта, вале соли онро нагуфтааст. Баъзе онро 12 Раҷаби соли 713ҳ.қ. донистаанд.
Кашмир, саҳ. 85.
Шарҳи китоби ассабъин фи фазоили Амирилмӯъминин, Бадриддин Ҳусейн, саҳ. 125; Мураввиҷи Ислом дар Эрони сағир, Парвиз Азкоӣ, саҳ. 28; Асрорулнуқта, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, мутарҷим Аҳмад Хоҷӯӣ, саҳ. 38.
Мастурот (хаттӣ), Ҳайдари Бадахшӣ, саҳ. 13.
Таҳияи Салмони Сайид
Идома дорад...

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти