Please update your Flash Player to view content.


Муслим, Абулҳусайн Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ ибни Муслим  ибни Вард ибни Кушози Қушайрии Нишопурӣ, муҳаддиси маъруф ва нависандаи китоби муҳимми ҳадисии "Ал-ҷомеъ-ус-саҳеҳ" маъруф ба “Саҳеҳ Муслим” мебошад.


Таърих ва маҳалли таваллуд

Бино ба қавли машҳур ва саҳеҳтар Муслим дар соли 206 ҳ.қ. дар Нишопур таваллуд шуда, дар хонаводаи илмӣ тарбият ёфтааст. Аз падараш ба унвони яке аз машоихи ҳадисӣ ёд мешавад ва ба хотири ҳамин падараш ӯро барои ёдгирии улуми исломӣ ташвиқ намудааст.

Таҳсилот:

Муслим дар синни 12 солагӣ таҳсили илмро дар ватани худ оғоз намуд ва он гоҳ барои комил кардани дониши худ сафарҳои илмиашро оғоз кард.

Сафарҳои илмӣ:

Муслим барои бештар касб кардани илми ҳадис монанди дигар муҳаддисон ба шаҳрҳои мухталифе ҳамчун Макка, Мадина, Куфа, Басра, Балх, Миср, Шом, Ҳиҷоз, Ироқ, Бағдод  ва Рай сафар карда аз муҳаддисони бузурги ҳадис дарс омӯхт. Бештарин ва охирин сафари Муслим ба шаҳри Бағдод будааст.

Мусофиратҳои Муслим ду хел будааст:

1) Сафарҳое, ки барои таҳсил ва ёдгирии ҳадис ва шинохти асноди ровиён анҷом додааст.

2) Сафарҳое, ки барои таълим ва интишори ҳадис дар байни мардум кардааст.

Ишқу алоқаи Муслим ба ин кор чунон буд, ки ба ҷуз як бор, ки барои адои фаризаи ҳаҷ раҳсипори Макка шуд, дигар мусофиратҳои ӯ ба хотири таҳсил ё таълими улуми ҳадис анҷом гирифт.[1]

Мазҳаб

Дар бораи мазҳаби фиқҳии Муслим ихтилоф аст. Ибни Қайим ӯро  ҳанбалӣ медонад, чунонки Ибни Абияъло низ ӯро ҳанбалӣ донистааст.[2] Баъзе ӯро ба унвони асҳоб ва шогирди Аҳмад ибни Ҳанбал ва баъзе низ ӯро моликимазҳаб донистаанд.[3]

Муслим аз назари мазҳаби каломӣ аҳли ҳадис аст. Чун ӯ дар ин замина аз устодҳое ҳамчун Бухорӣ, Ибни Ҳанбал ва  Ибни Роҳуя баҳра бурдааст. Муслим зимни эътиқод ба мақоми болои Худованд монанди Бухорӣ ба халқи Қуръон бовар дорад.[4]

Таълифот:

Муслим илова бар китоби Саҳеҳаш дорои китобҳои дигаре низ ҳаст, ки баъзе аз онҳо вуҷуд доранд ва баъзе аз байн рафтаанд. Дар муқаддимаи Саҳеҳ номи 36 китоби ӯ бурда шуда, ки аз байни он китобҳо метавон ба инҳо ишора кард:

1. Китоби Ал- асомӣ вал- куня,

2. Китоби Асмо-ур-риҷол,

3. Китоби Ал- тамйир,

4. Китоби Ал- табақот,

5. Китоби Табақот-ут-тобиъин,

6.  Китоби Ал- мухазрамин



Муаррифии китоби “Саҳеҳ Муслим”



Саҳеҳ Муслим дуюмин китоби муътабари ҳадисии аҳли суннат пас аз Саҳеҳ Бухорӣ аст, ки онҳоро саҳеҳтарин китоб пас аз Қуръон мешиносанд. Ҳарчанд гурӯҳе Саҳеҳ Муслимро бар Саҳеҳ Бухорӣ бартарӣ додаанд.

Саҳеҳ  Муслим дорои 7275 ривоят аст, ки бо ҳазфи такрориҳо 3033 ривоят  мешавад.   Муслим китоби худро бар асоси дархости яке аз бузургони ҳадис ва низ бо ҳадафи сомондеҳӣ ба китобҳои ҳадисӣ, ки аҳодиси саҳеҳро ҷудо накардаанд, навишт.

Мегӯянд  ӯ 15 соли умрашро барои навиштан ва тадвини он сарф кард.[5] Ҳусайн ибни Муҳаммади  Мосарҷӣ мегӯяд: Аз падарам ва ӯ аз Муслим шунид, ки мегуфт: » Ман ин муснади саҳеҳро аз байни 300 ҳазор ривояти шунидашуда гирдоварӣ кардам«.[6]

Шарҳҳои Cаҳеҳ Муслим

Барои ин китоби ҳадисӣ шарҳҳое навиштаанд, ки мо ба муҳимтарини онҳо ишора мекунем:

1.     Ал-минҳоҷ фи шарҳи Саҳеҳ Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ навиштаи Яҳё ибни Шарафуддини Нававӣ (соли вафот. 676 ё 677).

Ба гуфтаи ҳадиспажӯҳони аҳли суннат шарҳи Нававӣ муътабартарин шарҳ бар Саҳеҳ Муслим аст. Ин шарҳ 18 ҷилд бар 9 ҷилд мунташир шудааст.

2.     Икмолул-Муаллим, аз Муҳаммад ибни Халифаи Растони Убай ва шарҳи он муккамили Икмолул- Камол, аз Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни Юсуфи Санунӣ Ҳусайнӣ Икмолул-Муаллим шарҳе аст, ки Қозӣ Аёз (м. 544) бар Саҳеҳ Муслим навиштааст, аммо ба дасти мо нарасидааст Дар ҳақиқат ин китоб ҷамъоваришудаи шарҳҳои Қозӣ Аёз, Убай ва Санусӣ бар Саҳеҳ Муслим аст, ки дар 9 ҷилд мунташир шудааст.

3.     Ад-Дибоҷ ало Саҳеҳ Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ аз Ҷалолуддини Суютӣ (соли вафот. 911) ва ин шарҳ дар 9 ҷилд мунташир шудааст. Абдураҳмон Абубакр Ҷалолуддин Суютӣ аз муҳаддисони пуркор ва дорои осори зиёди аҳли суннат аст, ки дар соли 849 ҳ. қ. дар Мағриб мутаваллид шудааст.

“Саҳеҳ Муслим” аз дидгоҳи донишмандон

Аз дидгоҳи аҳли суннат Саҳеҳ Муслим арзиши бисёр зиёд дорад. Дар воқеъ дуюмин китоби саҳеҳ баъд аз Қуръон мебошад.

Нававӣ дар тамҷид аз Саҳеҳ Муслим чунин овардааст:

Ҳар кас бо диққат дар Саҳеҳ Муслим нигоҳ кунад аснод, тартиб, ҳусни чиниш, шеваи бадеъ, таҳқиқоти арзишманд, диққатҳои зариф, вараъ, эҳтиёт дар нақли ривоёт, талхис, ихтисори туруқ, забти ривоёт ва туруқи пароканда дар китоби ӯро маврди таваҷҷӯҳ қарор диҳад ва иттилооти зиёди ӯ дар заминаи дониши ривоӣ ва дигар хубиҳои ӯро дар назар оварад  мефаҳмад, ки Муслим пешвое аст, ки ҳеҷ кас пас аз ӯ ба пояш нахоҳад расид ва камтар касе аз ҳамасронаш монанди ӯ ба ҳисоб меоянд, ё ба мақоми илмии ӯ наздик шудаанд ва монанди китоби Саҳеҳ Муслим пеш ва пас аз он навишта нашудааст.[7]

Ҳофиз ибни Манда мегӯяд: Аз Абуалӣ Нишопурӣ шунидам, ки мегӯфт: Зери сақфи осмон китобе саҳеҳтар аз китоби Муслим нест.[8]

Заҳабӣ мегӯяд: »Саҳеҳ Муслим китобе аст нафис ва дар мавзӯи худ комил ва вақте ҳуффоз онро диданд аз он дар тааҷҷуб монданд«. [9]

Ба хотири имтиёзҳое, ки барои Саҳеҳ Муслим аз назари ҳусни тартиб ва забт ва эҳтимом ба ихтилофи алфоз ва мутуни ривоёт қоил шудаанд, баъзе онро ҳатто бар Саҳеҳ Бухорӣ бартарӣ додаанд.

Таърих ва маҳалли вафоти  Муслим:

Муслим дар моҳи Раҷаби соли 261 ҳ.қ. дар синни 55 солагӣ дар ватани худ шаҳри Нишопур вафот намуд ва дар ҳамон ҷо дафн шуд.[10] Рӯҳаш шод бод.







[1] Саҳеҳ Муслим, саҳ. 15

[2] Табақоти ҳанобала

[3] Аъломул масоъин с. 26-27

[4] Аъломул масоъин с. 43-44

[5] Тазкиратул ҳуффоз, ҷ. 2. саҳ. 589

[6]Таърихи Бағдод,ҷ. 13. саҳ. 101 

[7]Алминҳоҷ 

[8] Тазкират-ул-ҳуффоз  ҷ. 2 саҳ. 589

[9]  Сияри аъломи нубало ҷ. 12 саҳ. 569

[10] Муқаддимаи Саҳеҳ Муслим  саҳ.9

 

Назарҳо   

0 # Абдуллах 2017-10-18 22:42
Иборае ки навистед гуё ки имом эътикод ба халки Куръон дорад валъиязубиллах тухмати махз АСТ
Reply | Reply with quote | Нақли қавл

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти