Please update your Flash Player to view content.

 

jamol

Муслиҳи Шарқ Сайид Ҷамолуддин Асадободӣ

Зиндагинома

Сайид Ҷамолуддин дар моҳи шаъбони соли 1254қ баробар бо 1836м дар деҳаи Асадобод, шаҳри Ҳамадон ба дунё омад. Дар сини даҳсолагӣ бо падараш ба шаҳри Қазвин сафар ва дар онҷо ду сол ба таҳсили илм машғул шуд. Баъд аз он, бо олиме ба номи Муҳаммадсодиқ Таботабоӣ ошно ва дар маҳзараш шогирдӣ ва дар сини дувоздаҳсолагӣ ба либоси олимони динӣ (аббо ва аммома) мулаббас гардид.

Сайид Дар ҳамон син барои зиёрати мазорҳои шарифа дар Ироқ, сафар ва онҷо, назди шайх Ансорӣ чаҳор сол таҳсил мекунад. Шайх Ансорӣ вақте Ҷамолуддинро дарсхон меёбад, харҷи зиндагиашро ба уҳда мегирад то ӯ дарст бихонад.

Дар сини ҳафдаҳсолагӣ ба шаҳри бандарии Бушеҳр рафта ва аз онҷо ба Ҳиндустон ҳиҷрат мекунад ва дар якуним соли истиқомат дар Ҳинд, улум ва риёзии ҷадидро меомузад ва соли 1856м ба Макка ва аз онҷо ба Карбало ва Наҷаф сафар мекунад ва дар солҳои 1858м ба Эрон бармегардад.

Соли 1278қ баробар бо 1860м ба шаҳри Кобул дар Афғонистон ворид мешавад ва чаҳор сол дар онҷо мемонад. Сафари дуюмаш ба Кобул, баъд аз он ки дар соли 1281қ аз онҷо хориҷ гашта буд, дар солҳои 1284қ аст. Бо рафтан ба Кобул, аз онҷо ба Ҳиндустон меравад. Ин замонест, ки Ҳиндустон лонаи истеъмор ва дар дасти Инглис буд.

Ӯ дар охирҳои соли 1285қ ба Миср, яке дигар аз сарзаминҳои ишғолӣ ва истеъмории Инглис меравад. Албатта Ӯ беш аз чиҳил рӯз дар онҷо намонд ва ба Истонбул (Туркия) сафар кард, аммо дар онҷо ҳам пойдор набуд ва ба иллатҳои гуногун ихроҷ шуд ва дар моҳи муҳаррами 1287қ, яъне дар сини 33 солагӣ бори дигар ба Миср баргашт.

Ин сафари Сайид, нуҳ сол иқомати ӯро дар Миср фароҳам кард, вале дар соли 1296қ боз аз Миср ихроҷ гардид ва ба шаҳри Ҷидда (Арабистон) ворид шуд ва аз онҷо ба Ҳиндустон сафари сеюми худро анҷом дод. Ин сафари Сайид, ки истиқомати чаҳор солаеро барои Ӯ рақам зад, корҳои фарҳангӣ ва сиёсиро ҳамроҳ дошт. Шаҳри Ҳайдаробод мизбони Сайид дар ин замон буда аст.

Корҳои сиёсии Ӯ сабаб мешавад давлати Инглис ба ҳокимони маҳаллӣ, дастури ихроҷашро ба шаҳри Калката содир кунад. Иҷрои ин дастур ҳамзамон буд бо қиёми Аъробӣ пошо дар Миср.

Сайид дар соли 1300қ баробар бо 1882м, аз Ҳинд хориҷ мегардад ва ба шаҳри Лондон дар Инглис ва аз онҷо ба Порис дар Фаронса сафар мекунад.

Маҷаллаи Урватулвусқо аз корҳои муҳимме аст, ки дар ҳамин замон дар Порис роҳандозӣ шуд. Дар солҳои 1302қ баробар бо 1884м бо даъвати Блент ба Лондон меравад.

Сайид Ҷамол дар сеюмин сафараш ба Эрон дар солҳои 1303қ баробар бо 1886м ба шаҳри Бушеҳр ворид ва ба Теҳрон сафар мекунад ва дар манзили Аминуззарб   иқома мекунад. Як сол баъд яъне дар соли 1887м ба Русия меравад ва ду сол дар шаҳри Петерзбург мемонад. Дар моҳи январи 1889м бо гирифтани виза аз консулии Олмон ба он кишвар сафар мекунад ва дар шаҳри Муних бо Носириддин (шоҳи Эрон) дидор мекунад. Дар ин дидор шоҳи Эрон аз Ӯ даъват мекунад, то ба ин кишвар биравад ва қонун бинависад. Дар музокирот ва гуфтугӯ бо Аминуссултон ва Шоҳ ба сурати расмӣ ва депломотик маъмури Эрон дар музокира бо Русия мегардад ва соли 1890м ба Москва ва Петерзбург меравад. Ӯ дар ин сафари чандрӯза аз онҷо ба Эрон бармегардад ва бо тавтиаҳои Аминуссалтанат ва дарбориҳо рӯбарӯ, ва Шоҳ дастури табъиди Ӯро содир мекунад, вале Сайид ба мазори ҳазрати Абдулазим   меравад ва дар онҷо бо истифода аз шароити пешомада дар тули чандин моҳ, бар зидди шоҳ ва маъмурони золимаш фаолият мекунад.

Дубора бо дастури ҳукумат ва иҷбори маъмурони амниятӣ, аз ҳолати эътироз ва митинг хориҷ ва табъид мегардад.

Сайид аз онҷо ба тарафи Бағдод ва баъд ба Миср ҳаракат мекунад ва соли 1892м ба Лондон ворид ва баъд аз як сол иқома ба тарафи Истонбул меравад.

Ин ҳамон сафаре аст, ки ҳаракати он мубориз ва муҳоҷири роҳи озодӣ ва ҳақиқатро дар соли 1314қ баробар бо 1897м ба поён расонд.

Сафаре, ки дар пайи тавтиа ва шайтанатҳои инглисӣ бар Ӯ таҳмил шуд ва душмании шоҳи Эрон ва ҳокими Миср ва бераҳмии ҳукумати Истонбул (Усмонӣ), онро барояш душвортар намуда буд ва бо диле пур аз ғаму ғусса дар ғурбату фақр аз дунё рафт.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти