Please update your Flash Player to view content.

Халф ибни Аббос (р) бо кунияи Абул Қосими Заҳровӣ бинобар қавле соли 422-и ҳиҷрӣ мутобиқ бо соли 1030-и милодӣ дар шаҳри Заҳро ба дунё омада, дар соли 1106-и милодӣ вафот намудааст. Ин бузургвор фарзанди яке аз муҳоҷирини ба Андалус ҳиҷрат намуда аз ансори Мадинаи мунаввара мебошад. Заҳро бошад номи яке аз шаҳрҳои Андалус аст. Заҳровӣ (р) ҳосили шукуфае аз шукуфаҳои гулистони Муҳаммадӣ (саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) аст, ки бо табаҳҳури илмиву истеъдодҳои фавқулоддаи фикриаш шуҳрати оламгир пайдо намуда, дар олами ғарб аз ӯ бо номи ALBUCASIS ва ABULCASIS (Абул Қосим) ёд мекунанд. Баъд аз 60 соли вафоташ аллома Ҳамидӣ (р) китоберо дар мавриди машоҳири Андалус менависад, ки дар он аз аллома Заҳровӣ (р) ҳамчун шахсияти мутадайин, соҳибфазл ва олими (беҳамто) ёд намудааст.

Нахустин ҷарроҳи зебоӣ

Абул Қосим Заҳровӣ (р) аввалин ҷарроҳи зебоӣ дар олам аст, ки дар қарни 4-уми ҳиҷрии қамарӣ (қарни 10-уми милодӣ) умр ба сар бурда, ҷарроҳиҳои аҷиберо дар соҳаи ҷарроҳии зебоӣ анҷом додааст.

Ҷолиб инҷост тамоми он васоилу асбобе, ки аз ҷониби ин донишманди мусалмон барои анҷом додани ҷарроҳиҳои зебоӣ ихтиро шуда буданд, то ба имрӯз ба ҳангоми ҷарроҳиҳои зебоӣ дар шарқу ғарб тавассути ҷарроҳон истифода бурда мешаванд. Яъне то ба имрӯз (дар ҳудуди ҳазору сад сол) тамоми ҷарроҳони олам дар ҷарроҳиҳояшон аз он асбобҳо истифода намуда, дар ин соҳа худро мадюни ихтирооти оливу нодири ин донишманди мусалмон медонанд.

Ин нобиғаи мусалмон аввалин бор дар торихи инсоният мавсуаи тиббиеро дар 30 ҷилд ба номи “Аттасриф лиман ъаҷаза ъанит-таълиф” таълиф намуда, дар он дар мавриди амалиёти ҷарроҳӣ дар барои аз байн бурдани варами бинӣ ва чигуна рафтор намудан бо ҷароҳатҳои чашм, гӯш, дандонҳо сухан ба миён овардааст. Ҳамчунин дар ин мавсуа бештар аз 200 асбоби ҷарроҳиро зикр намуда, кай ва чигуна истифода намудани ҳаряки онро баён намудааст.

Tojikon.org

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти