Please update your Flash Player to view content.

 

Яке аз разоили ахлоқӣ, ки дар ислом бисёр мавриди накуҳиш қарор гирифт аст ҳасодат аст. Ҳасодат ё ҳамон ҳисси бадхоҳи ва орзӯи заволи неъмати дигаронро доштан, сифате накуҳида аст ки худ, ноҳанҷориҳои ахлоқи фаровонеро ба дунбол дорад. Решаи бисёре аз ғайбатҳо, таҳматҳо ва шикастани ҳурматҳои дар ҳамин ҳасодат нуҳуфта аст. Ҳасодат сабаб мешавад ки одами фазоил ва хубиҳои дигаронро инкор кунад ва ҳамвора дар ҷустуҷуи айби онон бошад.

Дар ҳадисҳои ислом, аз ҳасодат ба унвони яке аз решаҳои куфр ном бурда шуда аст. Имом Содиқ(а) мефармоянд: Шайтон ба сипоҳиёнаш мегуяд: Миёни мардмум ҳасад ва таҷовузгари бияндозед чун ин ду, назди Худо баробар бо ширк аст.

Аз қадим гуфтаанд: Ҳасуд ҳаргиз наёсуд. Ин иборати ҳакимона, баёнкунадани дарду ранҷи бархоста аз бемори ҳасодат барои ҳасуд аст. Дар ҳақиқат, ҳасодат навъе бемори руҳи аст, ки дарду ранҷи он комилан эҳсос мешавад.

Шояд барои шумо ҳам ҷолиб бошад, ҳасодат, аввалин гуноҳе ки фарзанди Одам(а) Қобил ба он мубтало гардид ва бар асари он бародараш Ҳобилро кушт. Ҳадисҳои гуногуне аз ҳасад бо лаҳни шадид накуҳиш карда ва онро аз решоҳи куфр, нобуд кунандаи имон, ҳамчун оташ ки ҳезумро нобуд мекунад ва офати дин муаррифи кардаанд. Албатта бинобар тасреҳи гуруҳе ҳасад дар сурате, ки дар гуфтор ё кирдор ошкор шавад, гуноҳи кабира ба шумор рафта ва ҳаром аст ва сирфи хутури он дар қалб бидуни тараттуб асаре бар он, ҳаром намебошад. Ҳасад аз монеъҳои қабули намоз шумурда шуда аст. Тазоҳур ба ҳасад мавҷиби заволи адолат мегардад; дар натиҷа шаҳодати ҳасуд пазируфта намешавад.

Аз ин рӯ шинохти кофи ва чигунаги ин сифати разила ва роҳҳои дармон ва пешгири аз ибтило ба онро метавон аз заруриёти зиндаги ахлоқи донист. Ҳар як аз китобҳои ахлоқи бахешро ба ин мавзуъ ихтисос дода ва ба барраси ва таҳлили он пардохтаанд ва камтар китобе ихтисоси ҳасодатро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода аст.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти