Please update your Flash Player to view content.

Нуктаи бисёр муҳимме ки моро ба рози ҷовидонагии ислом раҳнамун месозад он аст ки дастуроти  ин дин ҳамоҳанги бисёр дақиқ ва ҳисобшудае бо фитрат ва сарнавишти башар дорад, ки ин мавзӯъ ба ислом инъитофи хоссе бахшида ва онро аз ҳолати хушки ва ҷумуд дароварда аст.

Устод Мутаҳари ин вижагиро муҳимтарин рози ҷовидонгаии ислом медонад ва дар ин бора менависад: “Модари ҳамаи розу рамзҳо, руҳи мантиқии ислом ва вобастагии комили он ба фитрат ва табиати инсону иҷтимоъу ҷаҳон аст. Ислом дар вазъи қонунҳо ва муқаррарот худ расман эҳтиром ба фитрат ва вобастагии худро бо қонунҳои фитри эълом намуда аст. Ин ҷиҳат аст ки ба қонунҳои ислом имкони ҷовидона будан дода аст.”

Андешамандони исломи ба ин натиҷа расидаанд ки ҳамоҳангии дини ислом бо фитрати башар ба далели хусусиятҳо ва вижагиҳое аст ки дар ин дини осмони ва малакути вуҷуд дорад ки мо дар идома ба таври хулоса ба онҳо ишора мекунем:

1.Баҳо додан ба ақлу хиради башари.

Дар миёни динҳои мавҷуд ҳеҷ динеро наметавон ёфт ки монанди ислом бо ақлу андешаи башари пайванд ва иртиботи дусти барқарор карда бошад, пайванди муҳкам ва решадор, ки дар роҳи саодат ва хушбахтии абади метавонад ба унвони неруи фавқул одда арзишманд ва коромад, инсонро мадад ва ёри расонад.

Шахсе аз имом Содиқ(а) пурсид: Ақл чист? Ҳазрат дар ҷавоб фармуд: Ақл чизе аст ки ба василаи он Худоро бипарастанд ва биҳиштро ба даст оваранд.

Дар ҳадиси дигаре имом Боқир(а) мефармояд: Худованд (пас аз хилқати ақл ба ӯ ) мефармояд: Ба иззат ва ҷалоли худ савганд ки халқе наёфаридам ки аз ту наздам маҳбубтар бошад, туро ба касе медиҳам ки дусташ дорам ҳамонон рӯи амру наҳйи ман бо туст ва кайфар ва подошам ба ҳисоби ту аст.

Бар асоси ин ҳадисҳо метавон гуфт: Фарориён аз дини ислом аз роҳи ақл фосила гирифтаанд ва ба дурусти аз ин гавҳари арзишманди худододи баҳра набурдаанд вагарна дар сояи ақл бо таҳқиқ ва тафаҳҳус ба ин натиҷа мерасиданд ки танҳо дине ки метавон дар баробари даструонаш сари таслми фуруд овард дини шарифи ислом аст.

Ислом дини ҳамеша зиндае аст ки метавонад дар шароитҳои гуногуни зиндаги ва замонҳои мухталиф роҳи ҳалли муносиб ва судмандеро барои ҳалли масъалаҳо ва таъмини ниёзҳои башар ироа диҳад.

Аҳамият ва баланди ҷойгоҳи ақл ба андозае аст ки холиқи мутаол рӯи соҳибони ақл ҳисоби вижа боз намуда ва дар ин бора фармуда аст:

إِنَّ فِی خَلْقِ السَّماواتِ وَ الْأَرْضِ وَ اخْتِلافِ اللَّیْلِ وَ النَّهارِ وَ الْفُلْكِ الَّتِی تَجْرِی فِی الْبَحْرِ بِما یَنْفَعُ النَّاسَ وَ ما أَنْزَلَ اللَّهُ مِنَ السَّماءِ مِنْ ماءٍ فَأَحْیا بِهِ الْأَرْضَ بَعْدَ مَوْتِها وَ بَثَّ فِیها مِنْ كُلِّ دَابَّةٍ وَ تَصْرِیفِ الرِّیاحِ وَ السَّحابِ الْمُسَخَّرِ بَیْنَ السَّماءِ وَ الْأَرْضِ لَآیاتٍ لِقَوْمٍ یَعْقِلُونَ

Дар офариниши осмонҳо ва замин ва омаду шуди ҳабу рӯз ва киштиҳое ки дар дарё ба суди мардум дар ҳаракатанд ва обе ки Худованд аз осмон нозил карда ва бо он заминро пас аз марг зинда намуда ва анвоъи ҷунбандагонро дар он густарда ва (ҳамчунин) дар тағири масири бодҳо ва абрҳое ки дар миёни замину осмон муъаллақанд, нишонаҳое аст (аз зоти поки Худо ва ягонагии ӯ) барои мардуме ки ақл доранд ва меандешанд.

2.Дуруст кардани қоидаҳое ки барои дин лозиманд

Яке аз дигар хусусиятҳое ки ҳамоҳанги ин динро бо фитрат ва сарнавишти башар намоён месозад ва бо он имкони ҷовидон мондан медиҳад, қоидаҳои муассир ва коромаде аст ки дар ин дини шариф вуҷуд дорад. Қоидаҳои собит вале дар айни ҳол инъитофпазир ва нарм, ки бо пушиши фарогир қодир аст бисёре аз мисдоқҳоеро дар ҳар асру замоне шомил шавад ва роҳи ҳалли муносиб ва судмандеро барои онҳо ироа диҳад ки мо дар инҷо ба чанд намуна аз ин қоидаҳо ишора мекунем:

А) Қоидаи муҳим ва муҳимтар

Дар фиқҳи исломи ин матлаб қомилан қатъи ва пазируфта шуда аст ки аҳкоми шаръи тобеъи як силсила маслиҳатҳо ва мафсадаҳои воқеи ҳастанд. Нуктаи муҳим дар мавриди ин баҳс он аст ки маслиҳатҳо ва мафсадаҳо ҳамаги аз назари ҷойгоҳ дар як сатҳ ва рутба нестанд балки бархе аз онҳо аз аҳамияти болотаре барзурдор ҳастанд.

Масалан ҳаргоҳ ду нафар барои муолиҷаи худ ниёз ба пул дошта бошанд ки яке аз онҳо ҳамсари инсон бошад ва дигаре ғарибае бошад ва мо тавони пардохти пул ба ҳардуро надошта бошем дар айни сурат ақл мегуяд ҳамсар аҳам аст ва мо бояд ба ҳамсар кумак кунем.

Дар миёни динҳои мавҷуд ҳеҷ динеро намтеавон ёфт ки монанди ислом бо ақл ва андешаи башари пайванд ва робитаи дусти барқарор карда бошад.

Б)Қоидаи Ло зарар

Дар ислом қоидаи маъруфе вуҷуд дорад ки ба қоидаи ло зарар шуҳрат дорад. Ин қоида баргирифта аз ҳадисҳои муътабаре аст.

Дар ин ҳадиси Расули Гиромии Ислом(с) дар як ҷумлаи кутоҳ ин қоидаро ба ин сурат баён фармуда аст ки “Ло зарара ва ло зирора фил ислом”.

Бар асоси ин қоида ҳар ҳукме ки зарар ва зиёнеро мутаваҷҷеҳи афроди ҷомеа кунад аз назари ислом он ҳукм бардошта шуда аст ва эътиборе надорад ки аз ин тариқ роҳе барои ҷуброни хисорат ва дафъи зарар барои шахси мутазаррир дуруст шавад.

Натиҷа

Чунончи мулоҳиза фармудед ислом дини ҳамеша зиндае аст ки метавонад дар шароити гуногун зиднаги ва замонҳои мухталиф роҳи ҳалли муносиб ва судмандеро барои ҳалли масоил ва таъмини ниёзҳои башар ироа диҳад.

Бинобар ин шоиста аст ки хурдагироне ки ҳамвора бо қаламу баёни худ ба дини ислом таъна мезананд, ба дур аз ҳар гуна таассуб, дар мавриди ин дини шариф ба қазоват бинишинанд ва воқеиятро онгуна ки ҳаст бубинанд ва пазирои он бошанд.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти