Please update your Flash Player to view content.

  Дар рӯзи қиёмат касоне ки аз Шайтон пайрави кардаанд чун худро дар баробари азоби илоҳӣ мебинанд аз Шайтон мехоҳанд, ки онҳоро наҷот диҳад ва мегӯянд: Мо умре дар дунё ба ту гуш ва гуфтаҳои туро анҷом додем, пас туҳам дар аваз биё моро аз азоб наҷот бидеҳ.

Шайтон дар ҷавоб мегӯяд:

Аввалан: Худованд ба василаи анбиё ва ... ваъдаи ба ҳақ дод, гуш накардед ва ман ваъдаҳои пуч ва дуруғ додам ва шумо пайрави кардед.[1]

Дуввуман: Ман шуморо маҷбур накардам, ки аз ман пайрави кунед. Коре ки ман кардам ин буд, ки даъват ба ботил кардам шумоҳам даъвати маро қабул кардед, хуб буд давъвати маро қабул намекардед. Ман бар шумо тасаллут ва иҷбор надоштам танҳо корам ин буд, ки аз шумо даъват (ба гуноҳ) кардам шумоҳам бо майл ва иродаи худ қабул кардед.[2]

Севвуман: Чаро маро сарзаниш мекунед балки худатонро сарзаниш кунед. Чун ман як нафар будам ва шуморо ба гуноҳ ва нофармонии худованд кардам. Дар муқобили  ман ҳам ки фитрат ва ақл ва фариштагон ва анбиё ва аимма ва Қуръони Карим, ва  уламои раббонӣ  ва ... буданд даъват ба итоати Худованд ва тарки гуноҳ мекарданд. Шумо омадед онҳама даъваткунандаи Худовандро раҳо кардед ва ба даъвати пуч ва ботили ман посухи мусбат додед. Хуб буд ҳавосатонро ҷамъ кунед то чунин гирифтор нашавед.

Биҳишти ҷавонон, Асадуллоҳ М.


[1]. Сураи Иброҳим, ояти 22.

[2]. Сураи Иброҳим, ояти 22.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти