Please update your Flash Player to view content.

Ҳангоми истифодаи компутер ё тамошо намудани телевизор чашмҳои худро эҳтиёт кунед….

Имрӯз компутер ё худ роёна дар тамоми ҷойҳо, аз хона сар карда, то маҳалли кор истифода мешавад. Аз ин лиҳоз, таъсире, ки компутер бар саломатии инсон мерасонад, рӯз ба рӯз эҳсос хоҳад шуд.

Шикоятҳое, ки бештари онҳое, ки бо компутер сару кор доранд,  мушкилоти марбута  ба биноӣ мебошад, то ҷое, ки мушкилоти биноӣ ношӣ аз компутер бо номи «Синдроми биноии компутер» шинохта шудааст.

Хастагӣ ва хушкшавии чашм ва наздикбинӣ ин ҳама бар асари муддати тӯлонӣ кор намудан бо компутер ба миён хоҳанд омад.

Мутахассисон мегӯянд: «Яке аз иттифоқи бади ҷомеаи имрӯз бозиҳои компутерист, ки ба шаклҳои гуногун мавриди истифодаанд».

Тамошои бардавоми телевизор зиёновар хоҳад буд, меафзоянд табибони чашм: «Илова бар ин сафҳаи намоиши компутер маводеро дорост, ки метавонад мушкилиҳои зиёдеро эҷод кунад».

Духтурон мегӯянд, хира шудани чашм ба сафҳаи намоиш, шумораи мижа заданро коҳиш дода, боиси хушкии биноӣ мегардад.

Пас аз ҳар 20 ё 30 дақиқа, ки шахс дар муқобили сафҳаи намоиши компутер ва телевизор қарор мегирад, бояд ҳадди ақал аз 20 то 30 сония чашми хешро истироҳат диҳад. Зеро он ба дида кӯмак менамояд, то нарм шуда, рефлексҳои чашмӣ, ки дар ин хусус фаъол буданд, истироҳат кунанд, то мушкилот ба вуҷуд наояд.

Коршиносон ба ин боваранд, ки омилҳои зиёди муҳитӣ низ ҳастанд, ки ба чашм таъсири манфӣ мерасонанд. Вале метавон бо истифодаи дуруст аз васоиле, ки дар атрофамон қарор дорад, аз гирифтор шудан ба бемориҳои чашм пешгирӣ намуд.

МАНБАЪ: nahzat.tj

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти