Please update your Flash Player to view content.

Китоби « НАЗАРЕ БА НИЗОМИ ИҚТИСОДИИ ИСЛОМ » дар бораи масоили иқтисодӣ аз назари макотиби шарқӣ ва ғарбӣ ва дар ниҳоят назарияи Ислом тавассути Устод Мутаҳҳарӣ навишта шудааст, ки дар соли 2012 ба забони тоҷикӣ тарҷума шудааст.

қисми аввал

Касоне, ки фикр мекунанд масоили зиндагӣ аз якдигар ҷудо аст ва ҳар чизе як ҳадду марз ва қаламрави хосси худро дорад ва ҳар тарафу гӯшае аз зиндагии башарият ба як чизи ба хусус тааллуқ дорад, тааҷҷуб ва эҳёнан инкор мекунанд, ки касе масъалае ба номи Иқтисоди Исломӣ тарҳ кунад. Зеро ба ақидаи инҳо ҳар як аз Ислом ва иқтисод як масъалаи ҷудогонааст. Ислом ба унвони як дин барои худаш ва иқтисод ба унвони як илм ва ё як фалсафа барои худаш. Ислом қаламраве дорад ва иқтисод қаламрави дигар ҳамчунон ки фарҳанг, сиёсат, қазоват ва ҳатто ахлоқи ҳар кадом қаламрави ҷудо аз Ислом доранд.

Баъзе маворид болотар рафта ва гуфтаанд, зиндагӣ ба таври куллӣ як масъала ва дин як масъалаи ҷудогонааст. Динро набояд бо масоили зиндагӣ махлут ва ҳамроҳ донист.

Ин гуруҳ хатои аввалинашон ин аст, ки масоили зиндагиро муҷаррад фарз намудаанд. Ин тавр нест, чун зиндагӣ як воҳид ва шууну аносираш ба ҳамдигар ҳамроҳу воҳид ҳастанд, лизо салоҳу ифсод дар як гӯшаи зиндагӣ бар дигар гӯшаҳо ва шууни он таъсиргузор хоҳад буд. Мумкин нест иҷтимоъ дар сиёсат ва ё қазовату ахлоқ ва ё тарбият ва ё иқтисод фосид, аммо динаш дуруст ва солим бошад.

Агар фарз кунем, ки дин танҳо рафту омад ба масоҷиду калисо ва намоз хондану рӯза гирӣ аст, мумкин аст касоне иддао кунанд, ки масоили динӣ ҷудои аз дигар масъалаҳо аст. Албатта агар ин дар масеҳият дуруст бошад! дар дини Ислом саҳеҳ ва содиқ нахоҳад буд.

Пайванди Ислом бо иқтисод

Ислом бо иқтисод ду навъ пайванд дорад:

Пайванди мустақиму бевосита ва ё ғайри мустақим ва бовосита.

Пайванди мустақим аз он ҷиҳат аст, ки як силсила муқаррароту қавонини иқтисодӣ дар заминаи моликият, табодул ва доду ситадҳо, молиёту андозҳо, ирсу садақа ва хайрот, вақф ва муҷозотҳои молӣ ва..., дар он вуҷуд дорад. Ба ҳамин сабаб дар китобҳои Исломӣ баҳсҳои Байъ, Иҷора, Ваколат, Раҳн, Ирс, Ҳиба, Вақф ва... бобу мабҳасҳои хоссеро ихтисос додааст

Аз тарафи дигар ба фармудаи Қуръон имон ба баъзе аз китоб ва куфр бар баъзе аз он мавриди радди ҳар мусалмоне қарор дорад. Пас Исломро ё бояд комил бипазирем ва ё ҳамаи онро рад кунем!.

Аммо пайванди ғайри мустақими Ислом бо иқтисод аз роҳи ахлоқӣ аст. Ислом иснсонро дар зиндагӣ ба рафотори ахлоқӣ ва амонатдорӣ, иффату адолат, эҳсону исор, дурӣ аз дуздӣ ва хиёнат ва ришвагирӣ роҳнамоӣ ва иршод мекунад, ки ҳамагӣ ба сарвату иқтисод иртибот доранд. Агар масоили иқтисодӣ ва ҳадду марзи он маълум нагардад, ҳудуди адолату амонат, иффату хушрафторӣ ва эҳсону некӣ ва ҳатто ҳудуди дуздӣ ва ришвагирӣ ва хиёнат ҳам маълум намегардад.

идома дорад

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти