Please update your Flash Player to view content.

 

Оё офаридгор ҳам офаридгоре дорад?

Дар мабоҳиси Худо шиносӣ маъмулан ин савол матраҳ мешавад, ки мегӯянд: шумо мегӯед ҳар чизе холиқ ва офаридгоре дорад, пас бигӯед офаридагори Худо кист? Ва аҷиб инҷост, ки гоҳе ин саволҳо дар суханони баъзе аз фалосафаи ғарбӣ низ матраҳ шуда, ки нишон медиҳад аз маоҳиси фалсафӣ чандон хабар надоранд ва фирашон ҷудои аз ин илмҳост.

Росел филсуфи маъруфи ингилисӣ дар китобаш ”чаро масиҳӣ нестам” чунин мегӯяд: ”дар ҷавонӣ ба Худованд эътиқод доштам ва беҳтарин далел бар онро далели иллатул илал медонистам ва инки тамоми ончиро дар чаҳон мебинам дорои иллате аст ва агар занҷири иллатҳоро дунбол кунем саранҷом ба иллати нахустин мерасем, ки ӯро худо меномем. Вале баъдан ба куллӣ аз ин ақида баргаштам, зеро фикр кардам агар ҳарчиз иллат ва офаринандае дошта бошад пас Худо иллат ва офаридгоре дошта бошад”?

Вале мо фикр намекунем касе камтарин ошноӣ бо масоили фалсафии марбут ба мабоҳиси худошиносӣ ва мовароуттабиат дошта бошад ва дар посух ва ҷавоби ин савол оҷиз бошад. Матлаб хеле равшан аст, вақте мегӯем ҳар чизе холиқ ва офаридгоре дорад манзур (ҳарчизи ҳодис ва мумкинулвуҷуд) аст, пас ин қоидаи куллӣ фақат дар ашёъе содиқаст, ки қаблан вуҷуд надошта ва баъд ҳодис шудаанд. Дар мавриди воҷибулвуҷуд, ки аз азал буда ва то абад хоҳад буд, як вуҷуди абадӣ ва азалӣ ниёзе ба офаринанда надорад, то ки бигӯем офаринандаи ӯ кист? Ӯ қоим ба зоти хеш аст, Ӯ ҳаргиз маъдум набуда аст, ки ниёз ба иллати вуҷудӣ дошта бошад.

Ва ба таъбири дигар; вуҷуди Ӯ аз худи ӯст на аз беруни зоти Ӯ. Ӯ “офарида” нест, то офаринанда дошта бошад, ин аз як сӯ ва аз сӯи дигар хуб буд оқои Росел ва касоне, ки бо ӯ ҳамсадо ҳастанд ин саволро аз худашон мекарданд, ки агар Худо холиқе дошта бошад, ҳамин сухан дар бораи холиқи фарзии Ӯ такрор мешавад, ки офаридагори он холиқ кист? Агар матлаб ва далил занҷирвор идома ёбад ва барои ҳар холиқе холиқи дигар бошад, то бениҳоят фарз мешавад. Сар аз “тасалсул” дармеоварвд, ки ботил буданаш аз возиҳот аст ва агар ба вуҷуде бирасем, ки ҳастияш аз худи ӯст ва ниёз ба офаридгоре надорад (яъне воҷибулвуҷуд аст). Худованди олам ҳамон аст! Ин матлабро ба баёни дигаре низ метавон шарҳ дод ва он ин, ки мо агар фарзан Худо параст ҳам набошем ва бо Мотериалистҳо ҳам ақида гардем, боз бояд ба ин савол ҷавоб диҳем, ки бо қабули қонуни иллият ҳамачиз дар ҷаҳони табиъат маълули дигарест, дар ин ҳол ҳамон саволе, ки аз худопарастон мешуд аз моддийин низ хоҳад шуд, ки агар ҳама чиз маълули “модда” аст, пас иллати вуҷуди модда чист? Онхо низ ночоранд бигӯянд: модда азалӣ аст ҳамеша буда ва хоҳад буд ва ниёз ба иллат надорад ва ба таъбири возеҳтар воҷибулвуҷуд аст.

Рӯи ин натиҷа мебинем, ҳамаи фалосафаи ҷаҳон аъам аз илоҳӣ ва моддӣ ба як вуҷуди азалӣ имон доранд ба вуҷуде, ки ниёз ба холиқ надорад ва ҳамеша будааст, фарқ дар ин аст, ки модийин иллати нахустинро фоқид ва бидуни доштани илму донишу ақлу шуъур медонанд ва барои он ҷинсият замон ва макон қоиланд, аммо худопарастон ӯро дорои илму ирода ва ҳадаф медонанд ва ҷисмият ва макон ва замон барои ӯ қоил набуда аст, балки ӯро фавқи замон ва макон медонанд.

Бинобарин бар хилофи пиндори Росел, ки тасаввур карда буд, агар бо Худо парастӣ видоъ гӯяд ва дар сафи мотерилистҳо қарор гирад аз чанголи ин савол фирор хоҳад кард, вале ӯ хато кард, чун ӯ ҳеҷвақт тавони фирор аз ин саволро надорад.

Пас танҳо роҳи ҳалли мушкил инаст, ки фарқ миёни мавҷудоти ҳодис ва азалӣ ва миёни “мумкинулвуҷуд” ва “ воҷибулвуҷуд”ро ба хубӣ дарк кунем, то бидонем ончи ниёз ба холиқдорад мавҷудоти ҳодис ва мумкин аст, яъне ҳар офарида офаридгор мехоҳад, аммо чизе, ки офарида нест офаридгор надорад.

Манобиъ:

1.Росел/Китоби чаро масиҳӣ нестам?

2.тафсири паёми қурон 4/195

Сайид Муҳаммад Ғозӣ

Коршиноси Фалсафа ва ирфони Исломӣ

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти