Шояд осонтарин роҳи ҳал дар дидаҳои мост!

қисми аввал

қисми дуюм

Марди соҳибсарвате гирифтори бемории чашм буд ва баҳои зиёде дод, аммо табобат нашуд.

Гуфтанд; ба назди роҳибе бирав, ки марди муқаддасе аст!

Пирамард рафт ва ӯро дид. Пирамард ба ӯ пешниҳод кард, барои давои дараш ба ғайр аз ранги сабз ба ҳеҷ ранге нигоҳ накунад!!!

Марди дардманд, то онҷо метавонист дару девор ва ҳатто либосҳои атрофиёнашро сабз кард!!!, ҳатто аз хизматкоронаш хост бо либоси сабз дар хонааш ҳозир шаванд.

Баъд аз гузари замоне чашмонаш беҳтар шуд ва пирамард ба дидораш омад!

Марди сарватманд ба пирамард гуфт: аз пешниҳодат бисёр қадрдонам, аммо бароям харҷи бисёр зиёд дошт ва ҳар кас пешам меомад маҷбур буд худро сабзранг кунад!

Пирамард гуфт: ман арзонтарин роҳро пешниҳод кардам ва ин кор осонтарин кор буд, аммо худат корро сахт кардӣ. Дар ҳоле ки ниёз набуд ҳама ончиро атрофат аст сабз кунӣ, вале ту ҳамаро сабз кардӣ.

Мард гуфт: магар худат нагуфтӣ фақат ба ранги сабз нигоҳ кунам?! ман ҳам ночор будам ин корро кунам.

Пирамард гуфт: бале, вале ту фақат метавонистӣ бо як айнаки сабзранг ҳама чизро сабз бибинӣ!

Нукта: шояд ҳамеша роҳи ҳалли мушкилот дар тағйири дигарон набошад, балки бо тағйири биниши худ мумкин аст бисёре аз мушкилотро ҳал кунем.

Аллоҳ таъоло мефармояд:

Вазъу ҳоли мардум тағйир намекунад, магар он ки худашон бихоҳанд!!!

Оё намешавад аз сахтиҳое, ки бар сари мо фуруд меояд пиллае барои саодат ва аз маҳбаси дунёӣ барои хизмати мудирона ва аз дидгоҳи сабзамон барои мудовои ҷаҳон истифода барем?!!!

Зиндагии саодатманду мудаббирона ва дидаҳои ҳамеша сарсабзро барои шумо орзӯмандем.

Поянда ва сарфароз бошед

қисми аввал

қисми дуюм

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст