Please update your Flash Player to view content.

АНДЕШАИ МАҲБУС!

Нақл аст: пирамарди нотавоне барои фарзандаш, ки дар зиндон буд номае бо ин мазмун навишт:

фарзандам салом!
... ман пир шудаам ва дигар наметавонам заминро шухм ва куланг бизанам, то ҳамчун солҳои пеш маҳсул бикораму дарав кунам!!!.
Эй кош, ту озод мешудӣ ва манро дар ин кор ёрӣ мерасондӣ
!
Дӯстдори ту падарт


Писар дар посухи орзӯи дур аз зеҳни падараш ингӯна посух навишт:

Салом падарҷон!

бисёр хуб шуд, ки коргар нагирифтӣ ва заминро шухм назадӣ ва кишт накардӣ, чун ман дар онҷо чизҳое пинҳон кардабудам, ки набояд дигарон онро пайдо кунанд!!!
Бо эҳтиром фарзанди дӯстдорат

Номаро вақте барои падараш ирсол намсуд, рӯзе нагузашт, ки маъмурон ба хонаи пирамард рафтанд ва тамоми заминашро шухм заданд, то асрори писарро кашф намоянд, вале ҳеҷ чизе аз он замин пайдо нашуд.


Пирамард, ки аз кори онҳо ҳайрон буд, хитоб ба писараш навишт:

Писарам!

инҳо чаро омаданд ва заминро шухм заданд ва рафтанд?

Писар дар посух гуфт:

Падраҷонам!

магар худат ҳаминро намехостӣ? ҳоло метавони маҳсулро бикорӣ.
Вақти дарави маҳсул боз барои дарави онҳам фикре хоҳем кард!!!

қисми аввал

қисми сеюм

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти