Please update your Flash Player to view content.

ДАРС АЗ ТАДБИРИ ХАР!
Рӯзе кишоварзе, ки хараш дар чоҳе афтода буд аз дигарон хост ӯро ёрӣ намоянд.

Мардум ба ёрии ӯ омаданд, вале баъд аз талошҳои зиёд ва ноумедӣ аз наҷоташ ба ин натиҷа расиданд, ки харро зиндабагур намоянд, то зиёд азоб накашад.

Бо ин фикр хокҳоро бар сари хар мерехтанд ва хар ҳам бо таконе бар пушти худ, хокҳоро бар зери пояш мерезонд!!!

Мардум бо некхоҳӣ! ба зиндабагур кардани хар идома доданд, то онҷо ки хар, натанҳо зинда багур нашуд, балки бо болорафтани хокҳои зери пояш тавонист худро аз чоҳ берун бикашад!!!
Нукта: мушкилоту сахтиҳои зиндагӣ ҳамчун хокҳое аст, ки бар сари он хар фуруд меомад.

Мо дар баробари он мушкилот ду роҳ дорем! ё бе ҳаракат бошему зиндабагур шавем ва ё бо ҳаракати худ аз он мушкилот пиллаҳои тарақӣ ва пешрафтро эҷод намоем.

Инсонҳо гоҳ фикр мекунанд чизҳое бар зарари онҳост, вале чи басо он ба хайрашон бошад ва гоҳ фикр мекунанд ба фоидаи онҳост, вале бар зарарашон аст.

БИЁЕМ БОРИ ДИГАР БА ЗИНДАГӢ НИГОҲИ ХУШБИНОНА ДОШТА БОШЕМ ВА ОНРО БА КУДАКОНИ ХУД БИОМУЗЕМ

қисми дуюм

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти