Please update your Flash Player to view content.

Сифоти илоҳӣ дар калимоти Амири муъминин(а)

Баҳсе, ки пеши рӯи мост, баррасӣ калимоти Алӣ ибни Абитолиб(а), саҳоба ва ёру домоди гиромии расули раҳмат ҳазрати Муҳаммад(с) дар заминаи сифоти Худои мутаъол мебошад.

Бар ин асос табъи баҳс иқтизо мекунад пажуҳиши мо сирфан нақлӣ бошад, яъне фақат аз суханони он ҳазрат нақл шавад. Аммо аз ин ҷиҳат, ки он ҳазрат худ суханонашро дар тавсифоти Аллоҳ таъоло ба ақл ва дарёфтҳои ақлӣ истинод кардаанд, баҳси ҳозир сирфан нақлӣ нахоҳад буд ва албатта дар канори нақл ва аҳодисе аз он ҳазрат.

Бинобар ин, баҳси нақлӣ мубтанӣ бар ақл аст ва саъй шуда аст мустанадоти ақлии ин баҳс бар асоси нақл танзим гардад, то бештар аз равиши нақлӣ пайравӣ шуда бошад.

Дар бораи сифоти илоҳӣ баҳсҳои мутанаввиеро метавон матраҳ кард. Аммо дар инҷо баҳс дар суханони он ҳазрат дарбораи сифати Худованд хоҳад буд.

Албатта ба таносуби мавзуъ, ки сифоти Аллоҳ таъоло аст, ин баҳс ҳам сахт ва ҳам илмӣ хоҳад, буд ва шояд калима ва ҷумлаҳое матраҳ гардада, ки барои оммаи мардум чандон мафҳум набошад, аммо барои аҳли илму дониш маълум аст, иншоаллоҳ.

Тавсифи худованд

Пеш аз вуруд ба баҳс, лозим аст таваҷҷуҳ кунем, ки вожаи «الله» дар забони арабӣ, »Худо« дар забони форсӣ, »God« дар забони Англисӣ ва ҳар вожае дар ҳар забоне, ки мутадайинон дар он забон бар ҳақиқати он вожа сари таъзим фуруд меоваранд ва дар баробараш курниш мекунанд, ин мафҳумро ба зеҳн илқо мекунад, ки мусалмони ҳад ва марзе надорад ва аз ҳар айб ва нақсе ба дур аст ва дар як калима ӯ комили мутлақ аст.

Аз инру Амиралмуъминин(а) мефармояд:

الذي سالت الانبياءفلم تصفه بحد و لا نقص

Ӯ Худое аст, ки паёмбарон Ӯро мавриди парастиш қарор додаанд ва Ӯро ба ҳад ва нақс тавсиф накарданд, барои Ӯ марзе нест, то дар марзаш интиҳо ёбад.

Сифот ба Ӯ муҳит(Ӯро напушондаанд) нашуданд, то дар расидани сифот ба Ӯ дар марзҳо мутаноҳӣ бошад. Пас ҳаркас гумон бард Худоӣ халқ маҳдуд аст, ҳаққо ба холиқи маъбуд ҷоҳил аст. Ҳар кас ба сӯи Ӯ ишора кунад ҳаққо Ӯро маҳдуд карда ва ҳар кас Ӯро маҳдуд кунад Ӯро ноқис шумурда аст. Чун Ӯ комили мутлақ аст ва бо ато кардан ноқис намешавад. Ато ва бхшиш Ӯро ниёзманд намекунад чаро, ки аз ҳар диҳандае ҷуз Ӯ фуру коста мешавад.

Худоё ту сазовори васфи зебойи! Агар зебои мутлақ ва бидуни ҳеч қайде набошад, балки ҳамроҳ бо нақс бошад дар ин сурат зебоӣ ҳамроҳ бо зишти хоҳад буд, дар ҳоле, ки ҳазрати Алӣ(а) Худоро бидуни ҳеч шарте шойистаи васфи зебоӣ дониста аст.

Ҳаркас ӯро тавсиф кунад ҳаққо Ӯро маҳдуд карда ва ҳаркас Ӯро маҳдуд намояд Ӯро ноқис шумурда аст.

«حدالاشياءعندخلقه لها ابانة له من شبهها...تعالي عماینحله المحدودن من صفات الاقدارونهایات الاقطارو تاثل المساکنوتمکنالاماکنفالحدلخلقه مضروب والی غیره منسوب» «لم یتعاوره زیادة ولانقصان» «ولایقال له حد ولانهایة ولا انقطاع ولا غایة ولا الاشیاء تحویه فتقله...»[1].

Сифоти салбӣ

Дар истилоҳ ба сифоте, ки дол бар нақс ва маҳдудияти мавсуф бошад "сифоти салбӣ" гуфта мешавад: чаро, ки зоти рубубӣ аз ин сифот муназзаҳ ва пок аст, ҳол бо таваҷҷуҳ ба матолибе, ки аз Амиралмуъминин(а) нақл гардид; нақсро наметавон ба Худо нисбат дод чоро, ки Худованд комили мутлақ аст ва аз ҳар айбу нақсе мубарро. Аз инру бархе авсоф дар калимоти Амиралмуъминин(а) аз Худованд нафй шуда аст. Бидуни онки бар нафйи онҳо истидлоле биёваранд, зеро равшан аст, ки ин авсоф долли бар нақсанд ва соҳати қудси рубубӣ аз ин авсоф пок мебошад.

Шояд адами зикри далел дар ин маворид аз он рӯ бошад, ки далолати ин авсоф бар нақс равшан ва возеҳ ва бе ниёз аз истидлол аст ва ё онки истилол бар он чандон мушкил нест ва мухотаб метавонад бо тааммул ва тафаккури андак ба он роҳ ёбад, ба ин сабаб мумкин аст баъхзе аз авсофи салбӣ дар баъзе хутбаҳо ба вузуҳаш вогузор шуда бошад ва дар баъзе дигар ва ё дар фарози дигаре аз як хутба барои он истидлол оварда шавад. Дар муқобил бархе дигар аз авсофи Худо дар каломи Амиралмуъминин(а) ба таври истидлолӣ нафй шуда аст; чаро, ки нафйи онҳо ба равшании гуруҳи аввал аз авсофи салбии Худо набудаанд. Ба ҳамин далил Амиралмуъминин(а) бо нишондоди нақси ин сифот онҳоро аз соҳати рубубӣ муназзаҳ донистаанд, мефармояд:

«الحمدالله الذی لایموت» [2].

Ҳамд Худоеро сазовор аст, ки намемирад

Мавт чи ба фано ва нобудӣ ва чи ба маънои табаддули шайъ аз нашъае ба нашъаи дигар дар мавриди Худо роҳ надорад. Зеро мавҷуди фанонопазир аз мавҷуди фанопазир комилтар аст. Ва сафари мавҷуде аз нашъае ба нашъаи дигар ба ин далел аст, ки воҷиди камолоти он нашъа нест, ки бо вуруд ба он нашъа, онҳоро воҷид мешавад, аз инрӯ бар Худои комили мутлақ табаддули нашъа имконпазир нест.

« الذى لم يلد فيكون فى العز مشاركا و لم يولد فيكون موروثا هالكا »[3].

Худое, ки назоид, то дар иззат (бо ғайри худ) шарик бошад ва зода нашуд, то маврус ва ҳолик бошад, чун Худо дар иззати худ шарик надорад, аз Ӯ чизе зойида намешавад зеро ҳар зоидашудае аз ҷинси зоянда аст ва дар ин сурат аҳкоми онро дорад ва чун волид ва валад як ҳукм доранд, агар Худо монанди ҳар мавлуде волид дошта бошад, ки ба иқтизои табиати волид аз байнраванда ва маврус аст. Худо ҳам худ маврусӣ ва аз байн раванда буд, дар ҳолеки чунин нест бинобор ин Худо мавлуд нест.

идома дорад

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти