Please update your Flash Player to view content.

Ҳазрати Мӯсо (а) дар Тур хитоб ба Худованд гуфт:

قَالَ رَبِ‏ّ أَرِنِى أَنظُرْ إِلَيْكَ

Худоё, худатро ба ман нишон бидеҳ, то ба ту назар кунам.

Худованд ҳам фармуд:  Ҳаргиз маро нахоҳӣ дид. قَالَ لَن تَرَينِى

Се шоири барҷастаи адабиёти форс-тоҷик ба ин масъала аз се зовия нигоҳ карда бардоштҳои мутафовит намудаанд.

Бардошти Саъдӣ

Чу расӣ ба кӯҳи Сино “Аринӣ” магӯву бигзар

Ки наярзад ин таманно ба ҷавоби "Лан таронӣ"

Бардошти Ҳофиз

Чу расӣ ба тури Сино “Аринӣ“ бигӯву бигзар

Ту садои дӯст бишнав, на ҷавоби "Лан таронӣ"

Бардошти Мавлоно

Аринӣ касе бигӯяд, ки туро надида бошад

Ту, ки бо манӣ ҳамеша чӣ "тарӣ" чӣ “Лан таронӣ”

Се байт, се нигоҳ ва се бардошт: ҳамчу Саъдӣ-оқилона, ҳамчу Ҳофиз-ошиқона ва ҳамчу Мавлоно-орифона

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти