Please update your Flash Player to view content.

Таҳияи Умеди Кенҷа, коршиноси маорифи исломӣ

Ҳуқӯқи башар аз дидгоҳи Ислом

Муқаддима

Аз онҷо ки инсон мавҷуди иҷтимоӣ аст ва дар иҷтимоъ мутаваллид мешавад ва дар он зиндагӣ намуда ва мемирад, ду ҷанба дорад:

Ҷанбаи фардӣ, ва ҷанбаи иҷтимоӣ.

Аз лиҳози табиӣ, фард дорои як силсила аъзо ва ҷавореҳ, қуво, ғароиз ва тамоюлоте аст, ки маҷмуан ташкил диҳандаи шахсияти ӯст. Чунин аъзо ва ҷавореҳ, ғароиз ва тамоюлоти фитрӣ ва таквинӣ, дар тамоми башар яксонанд. Бинобарин, навъи башар бояд ба як силсила қонунҳои муштарак ва ҳамешагӣ амал намояд то битавонад ба рушду пешрафти муайяне бирасад, аз ин сабаб ҷомеаи инсонӣ ҳамеша ниёзманди қонуни судманде аст, ки аз қонуни табии инсон нашъат гирифта бошад ва аз хилқат ва шахсияти инсон сарчашма бигирад. Равшан аст, ки итоат аз чунин қонуне, ки мутобиқ бо фитрат аст, воҷиб мебошад.

Аз ончо ки эътиқоди мо бар ин аст, ки Ислом дини мутобиқи бо фитрат аст, бинобарин дар ин мақола ба баррасии ҳуқӯқи башар аз дидгоҳи Ислом мепардозем, ки пешинае бар қидмати Ислом дорад.

Агар чи баёни ин матлаб ва иддао дар миёни ғарбиҳо, пас аз ҷанги ҷаҳонии дуввум ва кушторҳои бузурги инсонӣ дар соли 1941 шурӯъ шуд ва дар соли 1945 бо ташкили созмони милали муттаҳид тамом шуд, аммо аз онҷо ки кишварҳои матраҳкунандаи ҳуқӯқи башар, мушкилоти ҳуқӯқи башарии зиёде доштанд, пас дар заминаи ҳуқӯқи башар осеб пазиртар аз ҳама буданд, аммо дини Ислом аз аввал ба дунболи ҳақ ва ҳақиқат буд ва ҳамеша барои инсон ҷойгоҳи баланде дар назар дошт. Кӯшиши мо дар ин навиштор ин аст ки бахши кӯчаке аз ин дарёи бузургро дар ин бора баён намоем.

Маънои ҳаққ, башар, ва ҳуқӯқи башар

Ҳақ дар луғат ба маънои тавоноӣ ва ихтиёри қонунии афрод аст ва дар истилоҳ иборат аз маҷмуъае аз қавоид, низомҳо ва муқаррароте аст, ки барои танзими равобити афрод ва истиқрори назм вазъ гардида ва дорои замонати ичроии кофӣ ва муассир аст.

Калимаи башар дар луғат ба маънои инсон буда, ва аз дидгоҳи Ислом иборат аст аз мавҷуди арзишманде, ки бояд ба унвони як мавҷуди бо шуъур ва дорои ирода ва ихтиёр ва ба дидаи эҳтиром ба ӯ нигариста мешавад.

Маънои ҳуқӯқи башар аз манзари Ислом ба маънои он аст, ки Худованд ба инсон аз онҷиҳат, ки инсон аст ҳуқӯқеро ато кардааст, ин ҳуқӯқро ҳуқӯқи башар меноманд на ончизеро, ки худи инсон ба номи ҳуқӯқи башар навишта аст. Монанди нобиное, ки асокаши нобинои дигар шавад.

Мабонии ҳуқӯқи башар дар Ислом

Ҳуқӯқи исломӣ бо ҳуқӯқи ғарбӣ аз ду чиҳат тафовути асоси доранд:

Яке аз ҷиҳати ин ки дар низоми ҳуқӯқии Ислом, қонунгузори асосӣ Худованд аст ва дигарон агар қонун мегузоранд бояд қонунгузорияшон дар чорчӯби иродаи Худованд бошад, бар хилофи қонунгузорӣ дар мактабҳои ғарбӣ, ки қонунгузор дар онҳо инсон аст ва нақше барои Худо дар қонунгузории ғарбӣ вучуд надорад.

Фарқи дигари низоми ҳуқӯқи Ислом бо ҳуқӯқи макотиби ғарбӣ дар ҳадафи қонунгузорӣ аст, Аз дидгоҳи Ислом, чи дар низоми фардӣ ва чи дар низоми ичтимоӣ, ҳадафи ниҳоӣ ва аслии ҳамаи қонунҳо ва аҳкоми исломӣ, расидан ба қурб ва раҳмати илоҳӣ аст, аз ин сабаб метавон гуфт: дар дини мубини Ислом як ҳадафи олӣ ва асосӣ вуҷуд дорад, ки он камоли инсонӣ аст ва дигар ҳадафҳо мисли адолати иҷтимоӣ, имнияти ҷамъӣ, иқтисоди исломӣ ва ғ. ҳамагӣ ба унвони васила барои расидан ба ҳадафи ниҳоӣ ҳастанд, бар хилофи мактабҳои ҳуқӯқи ғарбӣ милси мактаби Пузитивистӣ, мактаби ҳуқӯқи Табиӣ ва ғ., ки ҳадафи ниҳоияшон адолати иҷтимоӣ, амнияти чамъӣ, ва ғ. аст, ва Ислом инҳоро ҳадафи муқаддамотӣ мешуморад на ҳадафи ниҳоӣ.

Пас дар натиҷа метавон гуфт, ки яке аз мабонии ҳуқӯқ дар Ислом ин аст, ки ҳуқӯқи инсонро Худованд бояд мушахас кунад на инсон, яъне Худованд қонунгузор аст на инсон.... ва мабноии дигари ҳуқӯқ дар Ислом он аст, ки тамоми қонунҳо ва ҳуқӯқҳо васила барои расидан ба камоли инсонӣ аст бар хилофи макотиби ғарбӣ, ки худи қонунҳо мисли амният, адолат ва ғ. ҳадаф аст.

Масодиқи ҳуқӯқи башар дар Ислом

Дар зер ба чанд намуна аз масодиқи ҳуқӯқи башар дар Ислом  ишора мекунем, ки дар ҳақиқат ин ҳуқӯқро инсон ба худ надода аст балки ин Худованд аст, ки ин ҳақро ба инсон дода аст, масалан ҳаққи ҳаётро Худованд ба инсон додааст на ин ки худи инсон ин ҳақро ба худаш дода бошад. Аз ончо, ки ин навиштор ба сурати куллӣ баҳси Ислом ва ҳукӯқи башарро пайгирӣ мекунад, аз ин сабаб дар инҷо танҳо ба ду ҳаққи башар аз дидгоҳи Ислом ишора мегардад, ва агар Худованд тавфиқ диҳад дар навиштаҳои баъдӣ ба ҳуқӯқи дигари башар аз нигоҳи Ислом ишора мекунем.

1. 1. Ҳаққи ҳаёт

Аввалин ҳаққе, ки дар Қуръони мачид барои инсон бар шумурда шуда аст, ҳаққи ҳаёт аст. Ҳаёти инсон ба ду гуна аст, яке ҳаққи ҳаёти моддӣ ва дигари ҳаққи ҳаёти маънавӣ. Ҳеҷ кас иҷозат надорад, ки ин ҳақро аз дигарон бигирад.

Ҳаққи ҳаёти моддӣ милси ин ки ҳеҷ кас ҳақ надорад дигариро ба қатл бирасонад, чунонки Қуръони карми дар ин бора мефармояд:

[1]وَلَا تَقْتُلُوا أَوْلَادَكُمْ خَشْيَةَ إِمْلَاقٍ نَحْنُ نَرْزُقُهُمْ وَإِيَّاكُمْ إِنَّ قَتْلَهُمْ كَانَ خِطْئًا كَبِيرًا

Ҳамчунин ҳеҷ кас ҳақ надорад, ки худро бикушад ва тан ба худкушӣ диҳад чунон ки Қуръони карми мефармояд:

[2]وَلَا تَقْتُلُوا أَنْفُسَكُمْ إِنَّ اللَّهَ كَانَ بِكُمْ رَحِيمًا

Шояд барои хонанда савол эчод шавад, ки чаро ман ҳақ надорам, ки худамро букушам, ин ки зиндагии ман аст?! Дар чавоб бояд гуфт: Чун дар низоми ҳуқӯқи Ислом ин Худованд аст, ки ба инсон ҳақ медиҳад на ин ки инсон ин ҳақро зотан дошта бошад ва ё худаш ба худаш дода бошад аз ин сабаб инсон ҳақ надорад худро бикушад.

Яке дигар аз ҳуқӯқе, ки Ислом барои башар додааст ҳаққи ҳаёти маънавӣ аст, масалан ҳеҷ кас ҳаққ надорад дигариро гумроҳ кунад, зеро ҳидоят як ҳаққи маънавӣ барои башар аст ва касе ҳақ надорад ин ҳақро аз инсон бигирад, лизо Қуръони карим гумроҳ кардани дигаронро мавриди мазаммат қарор додааст, чунон ки аз забони ҳазрати Иброҳим(а) нақл мекунад, ки он ҳазрат бо хитоб кардани Худованд мефармояд: (Худоё агар ин куффорро) муҳлат бидиҳӣ бандагони туро гумроҳ мекунанд (ва ҳаққи ҳаёти маънавиро аз онҳо мегиранд, аз ин сабаб ҳамаашонро нобуд гардон)  фармудааст:

[3]إِنَّكَ إِنْ تَذَرْهُمْ يُضِلُّوا عِبَادَكَ

Ва ҳамчунин ҳеҷ кас ҳақ надорад дигаронро ғайбат кунад,[4] зеро ҳаққи ҳаёти амнияти инсонро ба хатар меандозад. Ҳачунин ҳеҷ кас ҳақ надорад ба касе туҳмати зино бизанад,[5] чун ҳаққи ҳаётӣ бо амнияти маънавии инсонро ба хатар меандозад.

1. 2. Ҳаққи озодӣ

Дуввумин ҳаққеро ки метавон ба унвони мабноии ҳуқӯқ дар Ислом бар шумурд, ҳаққи озодӣ аст. Асосан яке аз ҳадафҳои фиристодани пайғабарон аз суи Худованд, барои расидан ба ҳаққи озодӣ аст.[6] Озодӣ аз манзари Ислом яъне раҳо шудан аз бардагии  ғайри Худо ва ҳамчунин раҳо шудан аз итоати ғайри Худо ва ғ.  бинобарин таърифи озодӣ дар Ислом бо озодие, ки дар ғарб ва макотиби ғарбӣ таъриф шудааст комилан фарқ дорад. Озодие, ки дар ғарб таъриф шудааст озодие аст, ки дақиқан инсонро ба бардагии нафс ва бардагии ғайри Худо фаро мехонад, аммо озодӣ дар Ислом бар акси озодӣ дар ғарб аст ва мегӯяд бояд инсон аз итоъат ва бардагии ғайри Худо озод бошад ва фақат дар баробари Худованд бандагӣ ва итоат намояд.

Манобеи ҳуқӯқи исломӣ

Дар масалаи манобеи ҳуқӯқи исломӣ саволи аслӣ он аст, ки ҳуқӯқи исломиро аз куҷоҳо метавонем ба даст оварем?! Дар посух ба ин савол бояд гуфт, ки ҳуқӯқи Исломӣ бар хилофи қавонин ва ҳуқӯқе, ки башар бо дасти худ сохта аст, танҳо аз ақл ва виҷдони инсон сарчашма намегирад, балки сарчашмаи қонунгузорӣ дар нигоҳи дини мубини Ислом, Худованди таборак ва таоло аст, тано Худост, ки тамоми масолеҳу мафосиди корҳоро медонад ва саодати ҷомеаро мехоҳад на манофеи шахсӣ ё гурӯҳиро. Пас мақоми қунунгузорӣ махсуси уст, аммо барои дарёфти қавонини илоҳӣ чаҳор марҷаъ аз нигоҳи дини мубини Ислом вуҷуд дорад, ки иборатанд аз:

1. 1. Қуръони маҷид

Аввалин манбаи асосии қонунгузорӣ дар Ислом, Қуръони карим аст, ки дар ҳудуди пансад ояи Қуръони карим марбут ба қавонин ва аҳкоми амалӣ аст.

Ин китоб аз замони Расули акрам(с) то имрӯз ба унвони бузургтарин манбаи қонунӣ шинохта шуда аст ва мусалмонон барои шинохти маорифи ҳақ ва ба дастовардани қонунҳои зиндагӣ, ҳамеша ба он муроҷиа мекунанд.

Эътиқоди тамоми мусалмонон, ин аст, ки Қуръони карим ресмони маҳками Худост, ҳаркас бар асоси он амал кунад, саъодатманд аст, ҳаркас бар асоси он қазоват кунад, адолатхоҳӣ кардааст ва ҳар кас мардумро ба сӯи ӯ даъват кунад, ба роҳи рост даъват кардааст.

1. 2. Суннат

Қавонини зиндагии башар, бештар аз он аст, ки фақат бо пансад оят ба итмом бирасад, аз ҳамин сабаб барои баёни ҷузъиёти ҳар кадом аз қавонин, ниёзманди ёридиҳандаи дигаре ҳастем, ки ҳамон суннат аст. Қуръон ба манзилаи қонуни асосӣ аст, ки бештар ба масоили куллӣ ва асосӣ мепардозад, вале аз баёни ҷузъиёти аҳком худдорӣ мекунад. Ин Паёмбар(с) ва ҷонишинони рстини Ӯ ва уламо ҳастанд, ки бояд ҷузъиётро бар асоси заруратҳо ва шароити замон ва макон баён кунанд ва ҷомеаро аз лиҳози қавонини зиндагӣ бениёз ва ғанӣ кунанд.

Суннат аз нигоҳи мусалмонон иборат аст аз гуфтор, рафтор ва тақрири Паёмбар(с). Бар ин асос суннат ҳам мутлақоти Қуръонро тақйид мезанад ва ҳам умумоти Қуръонро тахсис мезанад.

1. 3. Иҷмоъ

Севвумин манбаи қонунгузорӣ дар Ислом, иҷмоъ аст. Манзур аз иҷмоъ, иттифоқи тамоми донишмандони Ислом дар ҳукми шаръӣ дар замоне аз замонҳои баъд аз Паёмбар(с) аст.

Иҷмоъ замоне эътибор хоҳад дошт, ки Қуръон ё суннат ҳукмро баён накарда бошад дар ин сурат навбат ба иҷмоъ мерасад, ва агар ҳукм дар Қуръон ё суннат баён шуда бошад дар ин сурат, аслан иҷмоъ эътибор ва арзише нахоҳад дошт.

1. 4. Ақл ё қиёс

Чаҳорумин манбаи қонунгузорӣ дар Ислом, ақл аст. Дар мавриди инки ақл чӣ гуна манбаи қавонини Ислом аст ва маҳдудаи дахолати ақл дар қонунгузорӣ то чӣ андоза аст?! Миёни донишмандони суннӣ ва шиъа ихтилофи шадиде аст, ки дар ин мақолаи кӯтоҳ, фурсати пардохтан ба он нест. Аз инрӯ агар Худованд тавфиқ диҳад дар навиштаҳои баъдӣ ба маҳдудаи дахолати ақал ва чигунагии дахолати он дар қонунгузорӣ хоҳем пардохт.  ИДОМА ДОРАД

yosin.org

 


[1] Сураи Исроъ, ояти 31.

[2] Сураи Нисоъ, ояти 29.

[3] Сураи Нуҳ, ояти 27.

[4] Сураи Ҳучурот, ояти 12.

[5] Сураи Нур, ояти 4.

[6] Сураи Аъроф, ояти 157.

 

 

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти