Please update your Flash Player to view content.

Хоҳарам ҳиҷоб амри Худованди Тавоност

Ба номи Худованди бениҳоят меҳрубон

Хоҳарам ҳиҷоб амри Худованди Тавоност

Хоҳари мусалмон! Дар ин майдон ҳиҷоб силоҳи туст. Бо ин силоҳи худ ба душманони дин ва ақидаат нишон бидеҳ, ки ту пайрави Хадиҷа ва Оишаи Сиддиқа ва Фотимаи Заҳро ва вориси иффат ва ҳашамати онҳо ҳастӣ.

Паёмбари Худо (салом ва дуруди Худо бар У). Ҳиҷоби ту чун теғест бурранда бар гардани душманони дин ва ақидаат ва ба ононе, ки худро ба тамаддуни бебанду бор ва разолати ғарб фурухтаанд.

Пас эй хоҳари мусалмон! Дар ҳифзи ҳиҷоби худ бикуш! Зеро ҳиҷоби ту санади иззат ва сарбаландии шумост. Зебоӣ ва фазлу камол дар беҳиҷобӣ ва беҳаёӣ нест. Балки фазли камол дар зебоӣ ба ахлоқ ва тақво ва андешаи солим аст.

«Эй Паёмбар! Бигу занони мусалмонро, то бипушонанд чашмҳои худро аз дидани нораво ва ҳаром ва нигаҳ доранд шармгоҳи худро аз амалҳои зишт ва бар бегона ошкор насозанд зиннати худро магар ончи зоҳираст ва қобили пушондан нест. Бояд, ки бипушонанд гиребон ва синаи худро ва зиннат ва ҷамоли худро ошкор насозанд, магар ба шавҳарони худ ва ё падарони хеш ва ё падарони шавҳарони хеш ва ё писарони хеш ва ё писарони шавҳарон, ё бародарон ва ё писарони бародарон ва ё писарони хоҳарон ва ё занони хонавода ва ё канизони онҳо ва ё атбои хонавода, ки ба занон рағбат надоранд ва ё атфоле, ки ҳануз бар аврат ва маҳорими занон огоҳ нестанд. Ба ғайр аз инҳо аз касони дигар дар ҳиҷоб бошанд ва тавре пой бар замин назананд, ки зиннати онҳо ошкор шавад. Эй аҳли имон ҳама ба даргоҳи Худованд тавба кунед! Бошад, ки растагор шавед.» ( Сураи «Нур» ояти 31)

Аз ин ояти муборак собит мегардад, ки ҳиҷоб яъне пушондани бадан фарз мебошад.

Дар Қуръони Карим оятҳои фаровоне дар бораи фарз будани ҳиҷоб омадааст. Аз ҷумла Худованд чунин фармудааст:

«Эй Паёмбар! Бигу ба занони худ ва духтарони худ ва занҳои муъминон, ки хешро аз сар то по бипушонанд. Ин кор барои онаст, ки ба иффат ва иззат шинохта шаванд. То аз таарруз ва азияти ҳавасронон озор накашанд ва ин ҳиҷоб барои онҳо беҳтар аст. Ва Худованд омурзандаву мехрубон аст.» (Сураи «Аҳзоб» ояти 59).

Хоҳари мусалмон! Ту бояд ба тарзи шоиста ба либосат эҳтимом варзӣ ва барои худ шахсияте дошта бошӣ. Ту бояд дар сарфи молу ҷон ба Хадиҷа ва дар фиқҳ ба Оиша ва дар сабру нигаҳдорӣ ва ҳифзи дини Худованд ба Сумая иқтидо кунӣ

Суроғи роҳи рост ва ҳидоятро аз Қуръон бояд ҷуст.

Паёмбар (салом ва дуруди Худо бар У) фармуданд:

«Агар зане панҷ вақт намозро адо намояд ва моҳи Рамазонро руза бигирад ва иффат ва покдомании худро ҳифз намояд ва аз шавҳари хеш дар амре, ки маъсият ва нофармонии Худованд набошад, итоат намояд, дар рузи қиёмат ба у гуфта мешавад; Аз ҳар даре, ки мехоҳӣ дохили Биҳишт шав!»

Normal 0 false false false EN-US X-NONE AR-SA MicrosoftInternetExplorer4

Ту хушбахти, аё хохар, нахохам шурбахт боши,

Ба давру рузгори хеш бихохам чони сахт боши.

Агар наздат чу бошад хамсару фарзанди дилчуят,

Ту хушбахти, ки гуё сохибе бар точу тахт боши.

Ба дини хешу нангу номуси худ сад талоше кун,

Ба боги зиндагони мевадоре чун дарахт боши.

Азизу дилкушоде шав, дилорому дилочу шав,

Назебад бар ту гар зан бошиву дилсангу сахт боши.

Хичобатро бипушу сатри авратро ба сар барбанд,

Зи чашми мардуми бадбин ,нахохам, лахт-лахт боши.

Ба озоди бикушу илми дунёро бичу, фардо

Нахохам бетараф, беилму хайрону карахт боши.

Бишав бар шавхарат содик, ки хукми шавхарат хак аст,

Дуои волидайнат гир, зи шахрат гар ба рахт боши.

Туро зебад хаёву шарму одобу накучашми,

На чун гарбизане, бешарму руву чашмсахт боши.

Ба хар чое,ки боши чун нигахбонат Худо бошад,

Таманнои туро дорам,ки хушбахте зи бахт боши!

ҳамрози хоҳарон

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти